Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Ин мавридҳои аз кул ҷудо кардани ҷузъе намуна қарор додан лозим аст.

Ба ин муносибат ба як ибораи серистеъмоли имрӯза махсусан диққат ҷалб карданӣ ҳастем. Ин ҳам бошад, ибораи гурӯҳи рафиқон аст, ки дар поини таъзияномаҳо ба ҷойи имзо меояд. Ба назари мо, аз он чӣ гуфта шуд, дигар ҷойи шубҳа намонд, ки инро ҳам як гурӯҳ рафиқон гуфтан даркор аст. Шакли тоҷикии ибораи русии группа товарищей ҳамин аст.

Инро яке аз тарҷумонҳои мо чандин сол аз ин пеш дар як мақолаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ҳамаҷониба шарҳ дода буд. Пас аз он чанд гоҳ рӯзномаҳо шакли тоҷикии ин ибораро дуруст навиштанд, лекин баъдтар боз онро фаромӯш карданд. Ба фикри мо, аз нав барқарор шудани шакли аслии он зарур аст.

Дигар чизе, ки дар ин мавзӯъ бояд таъкид шавад, он аст, ки дар ин қолиб ба ҷойи як -е гузоштан мумкин нест. Агар ибораро бо -е сохтан даркор шавад, сохти онро дигар кардан ва онро ба қолиби дигар андохтан лозим меояд. Масалан, ба ин тарз: қисме аз ҷавонбухориён, гурӯҳе аз деҳқонбачагон, зумрае аз оҳангсозон, гӯшае аз ин майдон, қисми калоне аз олимон ва шоирон. Ин шакли ибора дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ кам дида мешавад. Бешак, корбурди бештари он боиси афзоиши гуногунии услубии сухан хоҳад гардид.

Азбаски ин тарзҳои ифодаи номуайянии дар баъзе забонҳо, аз ҷумла дар забони русӣ нест, баъзе қаламкашҳои мо онро ба тоҷикӣ ҳам чизи зиёдате медонанд.
Хусусан артикли як солҳои охир ба назари баъзеҳо бад намуда истодааст. Аз ҷумла Мухтор Шокир дар мақолаи «Ду тарҷумаи як асар» («Адабиёт ва санъат», 1984, 6 сент., саҳ. 4) тарҷумаи якуму дувуми «Ғурмагас»-и Э. Л. Войничро, ки ҳардуро Сотим Улуғзода анҷом додааст, бо ҳам муқоиса карда, яке аз бартариҳои тарҷумаи дувумро дар ин дида буд, ки «Дар тарҷумаи нав серстеъмолии шумораи «як»-ро намебинем». Ш. Мухтор илова намудааст: «Чаро ба ҷойи «оҳ кашид» «як оҳе кашид» гӯем? Мо ҷонибдори С. Улуғзода ҳастем, ки дар тарҷумаи нав «як намуд», «як дақиқа»-ро ба «намуде» ва «дақиқае» иваз кардааст».

Ш. Мухтор дар чунин ақидаҳо танҳо нест. Фикрҳоеро,

пешина
аз 393
навбатӣ