Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ки монанди ин бошад, гоҳ-гоҳ аз тарҷумонҳо, фарҳангсозҳо, нависандагону муҳаррирон мешунавем.

Албатта, дар мисолҳои боло «як»-ро ба «-е» иваз кардани С. Улуғзода айбе надорад. Мумкин аст, ки як нависанда ё муҳаррир яке аз инҳоро бештар дӯст дорад ё ки дар як марҳилаи ҳаёташ ба яке аз онҳо бештар майл пайдо кунад ва ё ҳар яке инҳоро ба мавридҳои муайяне муносиб донад ва ҳоказо. Ҳамаи инҳо аз ҷумлаи ҷоизот аст. Чунин ҳодисаҳо дар навиштаҳои устодони сухан (монанди Сотим Улуғзода) рӯй диҳад, бештар ҷолиби диққат аст ва сабабҳои онро бодиққат муайян кардан аксаран хеле ибратомӯз меояд, вале хулосаҳои шитобкорона, хусусан хулосаҳои умумӣ баровардан фақат тасаввуроти нодурусте ба миён хоҳад овард.

Фаромӯш набояд кард, ки устод Айнӣ ба артикли як рағбати тамоми дорад. Ин ҷо бояд сабаби ҷиддиде дар миён бошад. Сабаби асосӣ, ба назари мо, он аст, ки устод нисбат ба нозукиҳои забон бағоят ҳассос буд. Аз ин рӯ, ҳар як майлу рағбати ӯ, аз ҷумла ҳусни таваҷҷӯҳи вай ба як бояд мавриди омӯзиши махсуси мо қарор ёбад.

МУАЙЯНИИ: «ИН» ВА «ОН»

Чунонки дар боби гузашта дидем, дар навиштаҳои имрӯза на фақат номуайянӣ, балки гоҳ муайянии ҳам ифода намешавад ва дар натиҷа мантиқи сухан зарар мебинад. Азбаски ин масъала хеле муҳим аст, мехоҳем онро ба алоҳидагӣ аз назар гузаронем.

Ба ин ду ҷумла ва хусусан ба чигунагии мубтадои ҷумлаи дувум диққат кунед:

«Мехоҳам дар бораи романи «Норак» батафсилтар таваққуф намоям. Асар дар адабиёти тоҷик ҳодисаи нав аст».

Ҷумлаи дувум мазмунан касро ба ҳайрат меорад: наҳод ки асар ва асарнависӣ дар адабиёти тоҷикӣ ҳодисаи нав бошад? Чун сухан ба қолаби русӣ рехта шуд, чунин бемаънигиҳо ба вуҷуд меояд. Муаллиф бо ин ҷумла чӣ гуфтан мехоҳад ва робитаи маънавии ду ҷумлаи ӯ аз чӣ иборат аст - маълум нест. Сабаби хароб шудани маънои гап он аст, ки муаллиф боз ҳам муайяниву номуайяниро ба назар нагирифтааст.

пешина
аз 393
навбатӣ