Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Институти таърихи санъат тадқиқотро ҳамчун асари мукаммали илмӣ эътироф кард».
«Ҳамаи онҳо аз пухтакорӣ ва меҳнатдӯстии олим гувоҳӣ медиҳанд».
«Муҳаққиқ лаҳзаҳои номаълуми ҳаёти санъаткорро равшан мекунад».
«Сохтани устухонаи киштисозӣ дар музофот пешбинӣ карда мешавад».
«Алмос тахминан 500 сол пеш дар Ҳиндустон ёфт шуда буд».
Дар ҳамаи ин ҷумлаҳо ба ин тарз ин илова кардан зарур буд:
«Институти таърихи санъат ин тадқиқотро ҳамчун асари мукаммали илмӣ эътироф кард».
«Ҳамаи онҳо аз пухтакорӣ ва меҳнатдӯстии ин олим гувоҳӣ медиҳанд» «Муҳаққиқ лаҳзаҳои номаълуми ҳаёти ин санъаткорро равшан мекунад».
«Сохтани устухонаи киштисозӣ дар ин музофот пешбинӣ мешавад».
«Ин алмос тахминан 500 сол пеш дар Ҳиндустон ёфт шуда буд».
Дар ҳамаи мавридҳои мазкур ин як ҷузъи мушаххаси маълумро дар маркази диққат нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ҷузъ боз ба кул ҳамроҳ шавад. Агар дар ин мавридҳо ин зикр нашавад, ҷузъи мушаххаси маълум боз ба кул мепайвандад ва фикри хонандаю шунаванда ба дигар тараф майл карда, аз мақсади гӯяндаву нависанда дур меравад. Зикр нашудани ин рафти фикрро тамоман дигар мекунад, аз як сатҳ ба сатҳи дигар мегузаронад ва ин ҳодиса аксаран ноаёну якбора рӯӣ медиҳад, боиси канда шудани риштаи фикр ва пайванди мантиқӣ мегардад.
Риоя нашудани таъкиди ҷузъу кул ва муайяниву номуайянии шаклҳои гуногун дошта, ҳамаи онҳо боиси вайрон шудани мантиқ мегарданд. Яке аз ин шаклҳоро мо дар боби гузашта ишора карда будем: гоҳ калимае чунон меояд, ки на муайян аст, на номуайян.
Он гоҳ фикр аз ягон ҷиҳат норавшан мемонад. Чунончи, дар ин ҷумла:
«Аъзоёни бригада кӯшиш доранд, ки дар мавсим аз ҳар гектар фалонсентнери ҳосил бардоранд».
Ин тарзи ифодаи фикр хеле маъмул буда, дар матбуоти ҷорӣ ба чандин ранг ба кор меравад. Нуқсони асосӣ дар чигунагии истифодаи калимаи мавсим аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо