Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
на фақат барои ифодаи номуайянӣ, балки бештар барои таъкиди бузургии давраи таърих зарур аст.
Ба ин андешаҳо камина ақида дорад, ки ҷумлаҳое аз қабили ҷумлаи мазкур тахминан ба тариқи зайл бояд таҳрир шаванд:
«В. И. Ленин эҷодиёти Л. Толстойро аз назар гузаронида, пеш аз ҳама таъкид кардааст, ки ҷустуҷӯҳои ин нависандаи реалист як давраи калони таърихи халкро дар бар гирифтаанд».
Дар чунин мавридҳо зиёда зарур будани таъкиди ин шояд аз ҷумлаи поин бештар маълум шавад. Як нависандаи ҷавон аз деҳае ва мӯйсафеде ҳикоя карда, дар ин миён чунин ҷумлае овардааст:
«Мӯйсафед дар деҳа аз ҳама зиёдтар зиндагӣ кардааст».
Маънои ин ҷумла ҳамин аст, ки мӯйсафед умуман дар деҳа, умуман дар қишлоқҷоӣ зиёдтар зиндагӣ кардааст. Ва ҳол он ки мақсади нависанда ин нест. Вай гуфтан мехоҳад, ки мӯйсафед маҳз дар ҳамин деҳае, ки дар бораи он сухан рафта истодааст, зиёдтар зиндагӣ кардааст. Пас ин матлабро бо ишоратҷонишини ин ифода кардан даркор буд. Яъне гуфтан даркор буд, ки «Мӯйсафед дар ин деҳа аз ҳама зиёдтар зиндагӣ кардааст».
Муҳаққиқе дар бораи як ғазали шоире мулоҳиза ронда, аз ҷумла мегӯяд:
«Дар ғазал ҳиссиёти ватанпарварии шоир инъикос ёфтааст».
Ва ҳол он ки дар ин ғазал гуфтан даркор буд, то ки дар назар будани ғазали мазкур таъкид шавад. Вагарна дар ҷумлаи боло калимаи ғазал маънои умумӣ ва ҷомеъ дорад, ҳамаи ғазалҳо, тамоми жанрро ифода мекунад.
Худи ҳамин муҳаққиқ дар поинтар аз ҳикояҳои он шоир сухан сар карда, чанд ҳикояи ӯро номбар намуда ва гуфтааст:
«Дар ин ҳикоятҳо ақидаҳои адолатпарварии шоир ифода меёбад».
Ин ҷо сухан дуруст адо шудааст: бо зикри ин таъкид мегардад, ки сухан фақат аз ҳамон ҳикоятҳое, ки ҳоло номбар шуданд, меравад, на аз ҳамаи ҳикояҳои шоир.
Дар ҷумлаҳои зерин низ як ин намерасад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо