Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ба якдигар бисёр наздикро пайваста, ибораҳои ҷуфт ба вуҷуд меорад: косаю табақ, кафшу маҳсӣ, нону чой, ҳавлию хона, харбузаву тарбуз, дасту по ва ҳоказо. Ҳамаи ин чизҳо ба якдигар бисёр наздик буда, яке ба дигаре сахт вобаста аст ва якеро ном гирем, дигаре ҳам ба ёд меояд. Чунин вобастагии сахт ва алоқамандии онҳоро ҳамин пайвандаки у ифода кардааст. Пайвандаки ва ин гуна маъниро пурра ифода карда наметавонад. Бино бар ин дар ибораи таҳлили ғоявӣ-бадеъӣ ҳам пайвандаки ю мувофиқтар аст, зеро ба якдигар сахт алоқаманд будани ду таҳлил — таҳлили ғоявӣ ва таҳлили бадеъиро хоҳад фаҳмонд. Ва ин ба вазифаи дефиси ибораи русӣ бисёр мувофиқ меояд. Як вазифаи дефиси чунин ибораҳо дар забони русӣ низ ифодаи ҳамбастагӣ ва наздикии ду мафҳум мебошад.
Аз ҳамин қиёс ибораҳои дефисноки фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсӣ, ҳаёти маданӣ-адабӣ ва мисли инҳоро фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳаёти фарҳангиву адабӣ гуфтан лозим меояд.
Ибораҳои зайл ҳам бояд мобайни ду сифат пайвандаки -у (-ву) дошта бошанд:
лабораторно-практическая работа — кори амаливу озмоишгоҳӣ.
наглядно-образное мышление — тафаккури аёниву образнок.
архитектурно-строительный чертёж — нақшаи меъмориву бинокорӣ.
3
- Гурӯҳи севуми сифатҳои ҷуфти дефисноки русӣ чунонанд, ки ҳангоми тарҷума сифатро ба исм гардондан зарур аст.
Чунончи, агар ибораи профессорско-преподавательский состав ба тоҷикӣ ҳайати профессорӣ-муаллимӣ ё ки профессорию муаллимӣ тарҷума шавад, сухани ғайритабиъӣ ба миён хоҳад омад. Ходимони мактабҳои олӣ ин ибораро ҳайати профессорону муаллимон тарҷума кардаанд, ки дуруст аст.
Ибораи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ низ фақат он гоҳ ки маҷлиси ҳисоботу интихобот гӯем, шакли дуруст мегирад ва маънои матлубро ифода мекунад.
Ибораи жестикулярно-химическая речь низ аз ҳамин қабил буда, дар «Луғати мухтасари русӣ-тоҷикии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо