Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

терминҳои педагогика» онро нутқи имову ишора гуфтаанд ва ин, ба фикри мо, дуруст аст.

Номи яке аз экспедитсияҳои машҳури солҳои сию садаи бистро дар матбуоти мо экспедитсияи тоҷикӣ-помирӣ менависанд. Дар шакли сифат омадани муайянкунандаҳои ин ибора хеле бемаънӣ воқеъ шудааст. Охир, экспедитсия забон барин чиз нест, ки мувофиқи ибораи «забони тоҷикӣ» инро ҳам «экспедицияи тоҷикӣ» номем! Ин ҷо ягона илоҷ ҳамин аст, ки онро экспедитсияи Тоҷикистону Помир ном диҳем, яъне боз ба пайвандаки у муроҷиат кунем. Ин ном ба худи он экспедитсия мувофиқ аст, зеро дар Тоҷикистон ва Помир амал карда буд.

Айби ибораи экспедитсияи тоҷикӣ-помирӣ ин аст, ки мо онро аз русӣ айнан, ҳарф ба ҳарф тарҷума намудаем, барои ёфтани шакли тоҷикии он кӯшиш накардаем.
Ва ҳол он ки дар баъзе мавридҳо лозим меояд, ки аз намунаи русӣ фақат мазмунро гирем ва барои ифодаи он шакли тоҷикӣ ҷӯем. Ин масъала яке аз муҳимтарин масъалаҳои тарҷума ва гардабардорӣ буда, одатан дар дастури муқоисавӣ мавриди баррасии махсус қарор мегирад. Ба назари мо, ҷуфтсифатҳои нисбии дефисноки русӣ маҳз аз ҳамон чизҳоест, ки ба тоҷикӣ бояд андаке ё хеле шакл дигар кунанд.

Гоҳ лозим меояд, ки ҳарду ё яке аз ҷуфтсифатҳои русӣ дар тоҷикӣ ба исм гардонда шавад, то ки дигаре муайянкунандаи он бошад. Ба назари мо, чунончи:

Истилоҳи адабиётшиносии сравнительно-исторический метод ба тоҷикӣ на методи муқоисавӣ-таърихӣ ҳатто на методи муқоисавии таърихӣ ё муқоисавию таърихӣ, балки равиши муқоисаи таърихӣ бояд тарҷума шавад. Чунки агар равиши муқоисавии таърихӣ гӯем, сифати таърихӣ ба равиш нисбат пайдо мекунад ва ибора чунин маъно мегирад, ки гӯё худи равиш таърихӣ мебошад. Ба ҳол он ки на равиш, балки муқоисаҳо хусусияти таърихӣ дорад, яъне рӯйдодҳои адабӣ ба ҳам таърихан муқоиса мешаванд. Пас ибораро чунон бояд созем, ки таърихӣ сифати муқоиса бошад, на сифати равиш. Бино бар ин равиши муқоисаи таърихӣ гуфтан лозим меояд.

Чунонки дида шуд, дар ин маврид барои ба тоҷикӣ
гардондани ҷуфтсифати нисбии дефисдори русӣ фақат
дефисро ба и ё у иваз кардан кифоя нест, балки аз ин
зиёдтар коре кардан лозим меояд: калимаи муқоиса, ки
дар ибораи русӣ ба шакли сифат истода буд, ба тоҷикӣ

пешина
аз 393
навбатӣ