Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
феъли «хӯрдан» сохта шудаанд: моҳонахӯр, ротибахӯр, вазифахӯр, даҳякхӯр, ҳатто маошхӯр ва ғайра. Калимаи «меросхӯр»-ро низ ба ҳамин қатор номбар кардан мумкин аст.
Баъзеи ин калимаҳо бо асоси феъли гирифтан ҳам мавҷуд, лекин он гоҳ маънои он фарқ пайдо мекунад.
Ин фарқ аз ҷумлаи зерин ба хубӣ дида мешавад. Устод Айнӣ гуфтааст: «Дар ин ҷо маросими даҳякдиҳӣ ва тарзи даҳякгирии муллоёне, ки ба даҳякхӯрӣ ҳақ пайдо кардаанд, тасвир карда шуд». Дар ҷойи дигаре устод боз чунин ҷумла дорад: «Ногаҳонӣ даҳяк гирифтани ӯ ба назари даҳякгирон, даҳякхӯрон, толибони даҳяк аҷиб менамуд».
Чунонки мебинем, устод калимаҳои «даҳякгир» ва «даҳякхӯр»-ро паҳлӯи ҳам овардааст ва байни онҳо фарқ гузоштааст. Аз ин ҷумлаҳо ва чанд ҷумлаи дигари Айнӣ фарқи ин ду калимаро ин тавр шарҳ додан мувофиқ аст: даҳякгир касест, ки ҳоли ҳозир аз хазина пули даҳякро гирифта истодааст, аммо даҳякхӯр касест, ки умуман ба даҳяк гирифтан ҳақ пайдо кардааст.
Маънои калимаҳои нафакахӯр, моҳонахӯр, ротибахӯр, вазифахӯр ва маошхӯр низ ба ҳамин маънои калимаи даҳякхӯр рост меояд. Дар ҳақиқат мо киро «моҳонахӯр» мегӯем? Касеро мегӯем, ки ба гирифтани моҳона ҳақ дорад, яъне дар ҷое кор мекунад ва ба ивази кори кардааш маоши муайяне мегирад.
Бино бар ин имрӯз ҳам касеро, ки барои нафақа гирифтан аз давлат ҳақ пайдо кардааст, нафакахӯр номидан дуруст аст, на нафақагир. Аммо касеро, ки ҳоли ҳозир барои гирифтани нафақа омадааст ва ё умуман низоми нафақа гирифтан дорад, нафақагир номидан мувофиқ аст.
Эҳтимол баъзеҳо аз феъли «хӯрдан» ор карда бошанд, ки «нафакахӯр»-ро «нафақагир» гуфтаанд ва баъзеи «моҳонахӯр»-ро ҳам «моҳонагир» мегӯянд. Ба фикри мо, аз «хӯрдан» ор кардан лозим нест, балки мантиқи забонро ба назар гирифтан даркор аст. Модомки дар забони тоҷикӣ бо ин феъл сохтани чунин калимаҳо зарур будааст, мо аз ин қоида ҷойи гурез надорем ва маҷбурем, ки ба он сар фурорем.
1 «Вазифахӯр» низ ба маънои ротибахӯр аст, зеро «вазифа»
ғайр аз маънои имрӯзааш ба маънои маош (ба мисли моҳона) низ омадааст. Ин маънои он ҳоло аз байн рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё