Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«СЕЛ» ВА «БОРОНИ СЕЛ»
Баъзан калимаи «сел»-ро ба маънои борони сахт кор мефармоянд, ки дуруст нест. Масалан, ба ин тариқ: «Ин обхезӣ дар натиҷаи селе, ки ҳашт рӯз боз борида исто-дааст, ба амал омад», «Дар вилояти Самарқанд сел бо-рид». Ин гуна мисолҳо дар адабиёти бадеии имрӯза ҳам ҳаст:
Абри сияҳ омаду аз осмон
Рехт ба якборагӣ сели калон.
Ва ҳол он ки он чӣ аз осмон мерезад, сел нест, бал-ки борон аст. Фақат дар сурате, ки борони сахт борад ва оби он аз кӯҳу баландиҳо ба нишеб ҷорӣ шавад, ҳа-мин обе, ки бо қувваи азиме дар рӯйи замин ҷорӣ ме-гардад, сел ном мегирад. Яъне сел худи борони сахт нест, балки он ҷараёни об аст, ки дар вақти борони сахт ба вуқӯъ меояд.
Қалимаи «сел»-ро ба маънои борони сахт фаҳмида-ни баъзеҳо эҳтимол аз он ҷо бошад, ки дар забони халқ ибораи борони сел ҳаст. Масалан, халқ мегӯяд: «Боро-ни сел борид». Ин гап дуруст аст, зеро «борони сел» ба маънои боронест, ки сел оварданаш мумкин аст, бо-рони сахтест, ки пас аз он эҳтимоли омадани сел пай-до мешавад. Аз ҳамин сабаб ин ҷумлаи рӯзнома дуруст аст: «Дар Аппенин борони сел борид».
Лекин аз ин ибораи халқӣ калимаи «борон»-ро пар-тофта, «сел борид» гуфтан дуруст нест. Эҳтимол дар баъзе маҳалҳо ин ибораро кӯтоҳ карда, «сел борид» ҳам мегуфта бошанд. Дар ин сурат ҳам дар забони адабӣ шакли пурра ва аслии ибораро нигоҳ доштан беҳтар аст.
Бесабаб нест, ки калимаи сел ба забони русӣ ҳам на ба маънои борони сахт, балки ба маънои ҷараёне, ки пас аз борони сахт аз кӯҳҳо ҷорӣ мешавад, дохил шудааст.
«АРЗОН ШУДАНИ НАРХ»
Дар матбуот ҳар сари чанд гоҳ ҷумлаҳое аз ин қабил пайдо мешаванд:
«Нархи орду равған арзон шуд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё