Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

челонгар-электрик
челонгар-сантехник
техник-бинокор
техник-механик
аппаратчӣ-стерилизатор

дуредгар-сохтмончӣ
дуредгар-мебелсоз
мошинист-инструктор
механик-назоратчӣ
инженер-назоратчӣ
инженер-лоиҳакаш
инженер-электрик
инженер-мошинсозанда
инженер-сантехник

чорводор-механизатор
топограф-танобчӣ

челонгари барққор
челонгари беҳдошттехника
техники бинокор
техники механик
дастгоҳқори стерилизация

дуредгари бинокор
Дуредгари мебелсоз
мошинисти мураббӣ
механики назоратгар
муҳандиси назоратгар
муҳандиси лоиҳакаш
муҳандиси барққор
муҳандиси мошинсоз (й)
муҳандиси беҳдошттехника

чорводори мошинқор
топографи танобчӣ

Дар ин сурат — дар мавриди бо изофат омадани ду исм номи касб чунин маъно пайдо мекунад, ки соҳиби ин касб фақат дар як соҳа ихтисос дорад. Робитаи изофӣ дар кадом соҳа ихтисос доштани мутахассисро мефаҳмонад. Чунончи, челонгари қубургузор челонгарест, ки фақат дар қубургузорӣ кор мекунад, дуредгари мебелсоз танҳо дар мебелсозӣ дуредгар аст ва ҳоказо.
Ба тоҷикӣ дефис чунин маъниро ифода карда наметавонад. Ба чизе, ба маконе ё замоне, ба ҳолате ё коре нисбат доштани касе ба тоҷикӣ одатан бо робитаи изофӣ ифода мегардад. Пас дар мавридиҳои боло маъниро фақат бо изофат адо кардан мумкин аст. Вагарна чигунагии робитаи ҷузъҳои ибора номафҳум мемонад.

6

Ба ҳамин тариқ, мо ақида дорем, ки дар ҳамаи он
мисолҳое, ки зикр шуд ва бисёр мисолҳои дигар, ки
зикрашон ин ҷо аз имкон берун аст, дефис бемавқеъ
ва нолозим аст. Мутаассифона, рафиқоне, ки ин ибораҳоро бо дефис менависанд ва ё бо дефис навиштани онҳоро тавсия мекунанд, ҳанӯз дар ягон ҷо нагуфтаанд,
ки ин дефис дар ин ибораҳо чӣ вазифа дорад ва чаро
бояд гузошта шавад. Сабаби дар ин ибораҳо гузошта
шудани дефисро то ҳол касе эзоҳ надодааст. Ягона эзоҳе,

пешина
аз 393
навбатӣ