Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ки шунидем, иборат аз ин аст, ки ин ибораҳо дар забони русӣ бо дефис навишта мешаванд. Вале ин эзоҳ қаноатбахш нест. Ин ҷо аз рӯйи яке аз муҳимтарин принсипҳои дастури муқоисавӣ амал намудан ва ба маънои гап нигоҳ карда, сохти ибораи тоҷикӣ ва имлои онро муайян кардан лозим аст.
Солҳои охир баъзе муҳаққиқон андак кӯшише пеш гирифтанд, ки сабаби бо дефис навишта шудани чунин ҷуфтсифату ҷуфтисмҳоро эзоҳ диҳанд. Р. Ғаффоров дар такризе, ки дар бораи чопи якуми ин китоби мо навишта буд, ба чунин таклифи мо, ки бисёре аз ин ибораҳо бояд бедефис — баъзеашон бо изофат ва баъзеашон бо -у (-ю) навишта шаванд, розӣ шуда, дар айни замон ақида изҳор кард, ки агар баъзеи онҳоро бо изофат ё -у (ю) нависем, маънои матлуб пурра ифода нахоҳад шуд ва аз ин рӯ бо дефис навиштан лозим меояд. Вай ба ин муносибат вазифаи дефисро дар таркибҳои ҷуфткалима эзоҳ дод. Чунончӣ, ӯ дар бораи мактаб-интернат, боғча-ясли, забони форсӣ-тоҷикӣ, муборизаи идеявӣ-синфӣ, аҳамияти сиёсӣ-иҷтимоӣ, асосҳои моддӣ-техникӣ гуфт, ки ин ҷо «калимаҳои таркибӣ якҷоя як мафҳуми нисбатан мураккабро ифода намудаанд. Маъное, ки онҳо ифода мекунанд, омехтаи ҳамдигар аст. Бино бар ин вақте ки мо мактаб-интернат мегӯем, на ду муассиса, балки як муассиса фаҳмида мешавад, ки ду мафҳумро дар худ муттаҳид кардааст».
Р. Ғаффоров боз гуфтааст: «Ба назар чунин мерасад, ки бадали дефис бо пайвандак дар ин қабил ибораҳо маънои яклухти онҳоро халалдор мекунад, чунки ҷузъи тобеи ибораи ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ на маънои алоҳидаи мустақил, балки мафҳуми яклухти нисбатан мураккабро ифода менамояд; ҳаракати миллӣ дар айни замон маънои озодихоҳиро низ фаро мегирад».
Бешак, ин андешаҳо хеле ҷиддиянд ва сазовори баррасии махсус мебошанд. Вале, ба ақидаи мо, ин мулоҳизаҳо дар натиҷаи ба чашми кам дидани изофат ва -у (-ю) ба миён омадаанд. Мутаассифона, маъниҳои нозуке, ки изофат ва -у ифода мекунад, аз тарафи мо ҳанӯз пурра дарк нашудааст.
Барои ин ки масъала равшан шавад, як мисол меорем. Ҳозира забони дарии Афғонистон пештар форсии кобулӣ ном дошт. Ба русӣ онро фарси-кабули мегуфтанд. Яъне он чӣро, ки ба тоҷикӣ бо изофат ифода шудааст, ба русӣ бо дефис навиштан лозим омада буд. Ҳеҷ ҷойи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо