Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
шубҳа нест, ки дар ин маврид вазифаи изофат ва дефис як аст. Аммо тарҷумонҳои мо, ҳатто баъзе шарқшиносҳо инро ба назар нагирифта, таркиби мазкурро аз русӣ айнан нусхабардошта, форсӣ-кобулӣ менавиштанд, ки тамоман нодуруст буд. Навишти забони форсӣ-тоҷикӣ, ки Р. Ғаффоров таклиф мекунад, низ мисли ҳамон форсӣ-кобулӣ мебошад. Аксаран ҳеҷ асос надорем, ки форсӣ-тоҷикиро бе изофат ва бо дефис нависем. Шакли дурусти он аксаран забони форсии тоҷикӣ мебошад. Ин ҷо изофат ҳамон «як мафҳуми яклухти нисбатан мураккаб», «омехтаи ҳамдигар» буданро, ки Р. Ғаффоров мегӯяд, пурра ифода менамояд.
Таъбири забони форсии тоҷикӣ одатан нисбат ба забони адабии давраҳои гузашта, бештар давраи то асри XVI ва гоҳ то инқилоби октябр кор фармуда мешавад. Он вақтҳо номи забони адабии мо дар Осиёи Миёна ҳам форсӣ буд, вале барои ин ки назардошти форсии тоҷикони Осиёи Миёна ё ки аз форсии дигар сарзаминҳо андак фарқ доштани он таъкид шавад, имрӯз гоҳ таъбири форсии тоҷикӣ ҳам ба кор меравад. Аз ин ҷо тамоман равшан аст, ки изофат дар ин таъбир ҳамин ягонагии куллӣ ва махсусияти ҷузъиро якҷоя ифода менамояд. Изофат ҳамчунон имкониятҳо ва қувваеро дорост, ки мураккабтарин ва нозуктарин робитаву муносибатҳоро падид меорад. Вале афсӯс ки оби дари хона қадр надорад ва бисёр қаламкашҳову забоншиносон ҳама муъҷизакориҳои изофатро барои худ ва барои мо ҳанӯз кашф накардаанд.
Як навъ наздикӣ ва алоқамандии махсусеро ифода кардани пайвандаки -у низ дар боло таъкид шуд. Бесабаб нест, ки масалан, земельно-водная реформа солҳои бист ислоҳоти обу замин тарҷума шуда буд, на ислоҳоти обӣ-заминӣ! Пайвандаки -у дар муодили тоҷикии ин истилоҳ ҳамбастагии сахти обу замин ва якҷоя сурат гирифтани ислоҳи тартиботи вобаста ба ин ҳардуро ифода менамояд. Агар аз рӯйи мантиқи андешаҳои рафиқоне, ки ба дефис ихлос доранд, амал кунем, барои таъкиди ҳамбастагии сахт ва якҷоя рӯй додани ду ҳодиса истилоҳи мазкурро маҳз ислоҳоти обӣ-заминӣ тарҷума кардан лозим меорад. Вале ин тарҷума магар ниҳояти пасттабӣ, балки бетабъӣ нахоҳад буд. Оре, чунин хоҳад буд. Дар баъзе аз мисолҳои дигар, ки дар боло овардем, низ ҳамин ҳолат дида мешавад.
Агар хоҳем, ки дар баъзе мавридҳо чунин қабоҳатҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо