Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

(ба маънои савдогар), фурӯшгар, сиёсатгар («Сиёсатгарони давраи Қоҷор» — номи як асари Хонмалики Сосонӣ), хиёнатгар, имдодгар, оғозгар, таънагар, бедодгар, додгар (Андеша намо, ғайри ту ҳам додгаре ҳаст — Махфӣ), насиҳатгар, бодгар, тӯҳматгар, нолагар, санъатгар, ислоҳгар, маломатгар, сайдгар ва ғайра ва ҳоказо.

Дар ин асос дар замони мо калимаҳое бештар мавриди истифода қарор ёфтаанд, ки шояд аксарашон дар асоси калимаҳои мазкур нав сохта шуда бошанд. Чунончӣ: бунёдгар, пайвандгар, эҳёгар, таҳиягар, таълимгар, таъмингар, тарғибгар, ободгар, ифодагар, эҷодгар, намоёнгар, баёнгар, нигоргар (яъне наққош: «нигоргарони бинои театр» ва монандӣ инҳо).

Чунонки мебинем, имконоти -гар дар калимасозӣ то ҳадду канор надорад. Бо -гар аз навъҳои гуногуни калимаҳо калимаи нав сохтан мумкин аст. Ин барои сарватафзоии забон имконоти фаровоне фароҳам меорад.

Аз ин ҷиҳат «Луғатномаи осори С. Айнӣ» басо ибратомӯз аст. Аввало, бояд гӯем, ки чунонки аз ин луғатнома маълум мешавад, дар офаридаҳои устод Айнӣ -чӣ хеле зиёдтар аз -гар ба кор рафтааст. Ба шумурди камина, ин ҷо 103 калима -чӣ ва 75 калима -гар дорад. Дар ҳақиқат эҷодиёти устод барои фаъол шудани -чӣ роли калон бозида буд. Инро аз он ҷо ҳам мефаҳмем, ки устод баъзе калимаҳоро гоҳ бо -чӣ ва гоҳ бо -гар сохтааст: исёнӣ — исёнгар, танқидчӣ — танқидгар, тӯҳматчӣ — тӯҳматгар ва ғайра, яъне шояд таъкид кардан хостааст, ки дар чунин мавридҳо -чӣ ва -гар баробарҳуқуқ мебошад. Дар айни замон устод бо ин кораш гӯё байни -чӣ ва -гар мусобиқае оростааст, ки дар ифодаи маънӣ ва тобишҳои он, дар шакл ва хушсадоии вай кадоме аз инҳо бартарӣ дорад. Ҳоло намедонем, ки устоди бузургвор аз ин ҷиҳатҳо ба кадоми ин пасвандҳо бартарӣ медод, умуман яке аз онҳоро беҳтар медонист ё не. Лекин ба назари мо чунин мерасад, ки дар ин «мусобиқа» ба эътибори хушоҳангӣ бурд насиби калимаҳоест, ки бо пасванди -гар омадаанд. Дар бисёр мавридҳо онҳоро бартар донистан лозим меояд.

Дигар чизе, ки аз «Луғатномаи осори С. Айнӣ» маълум мешавад, ин аст, ки дар асарҳои ӯ ҳам домани

пешина
аз 393
навбатӣ