Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
истифодаи -гар ба ғоят фарох аст. Дар навиштаҳои устод ҳам на танҳо калимаҳои маъмулу одатие аз қабили косагар, кулолгар, рехтагар, барзгар, ишбагар, бедодгар, истилогар, балки баъзе калимаҳое ҳам дучор меоянд, ки аз рӯйи тасаввуроти имрӯзаи мо ғайриодӣ менамоянд. Чунончи, калимаҳои зерин хеле ҷолиби диққатанд: зулмгар, истилоҳгар, ихтирогар, мунозирагар, танқидгар, тарбиятгар, ҳуҷумгар, ҷафогар ва монанди инҳо. Мо ҳоло бо -гар ин гуна калимаҳо намесозем ё кам месозем. Ва ҳол он ки сохтан мумкин будааст ва аз ин таҷрибаи устод бояд бебаҳра намонем.
Бозор Тилавов соли 1979 дар мақолаи «Мақоми суффикси «гар» ва «гарӣ» («Маориф ва маданият», 16 авг. с. 1979) масъала пеш гузофта буд, ки имконоти фаровони пасвандҳои -гар ва -гарӣ дар забони адабии имрӯза ҳанӯз дуруст дарк нагардидааст ва пурра истифода нашуда истодааст. Мо ҳамфикри ин муҳаққиқ ҳастем. Дороиҳои забон ва имкониятҳои ҳар яке аз воситаҳои он бояд пурра истифода шавад. Фақат дар ҳамин сурат иқтидори забони адабӣ пайваста афзоиш меёбад.
Хуллас, ки ба назари мо, доираи амали пасванди
-гар-ро танг гирифтан лозим нест. Баръакс, имкониятҳои фаровони ин пасвандро истифода кардан даркор аст, набояд фаромӯш кард, ки -гар дар калимасозӣ яке аз мушкилкушоҳою муҳимбарорҳост. Мо ақида дорем, ки дар солҳои охир то андозае фаъол шудани -гар барои афзоиши сарватҳои ганҷинаи калимаҳои сохта, барои устувор шудани пояҳои халқии забони адабии ҳозира ва меъёрҳои классикии он дорои аҳамияти махсусест.
Ба ин ваҷҳ дил мехоҳад, ки ба хизмати аҳли қалам чанд таклифе пеш гузошта шавад. Мақсад аз ин пешниҳодҳо суръат афзудан ба раванди имрӯзаи инкишофи забон аст, яъне он рӯйдодҳои мусбат, ки ба мушоҳида мерасанд, бештар бояд вусъат ёбанд.
Пешниҳоди якум ин аст, ки кам шудани амали пасванди -чӣ минбаъд ҳам бояд давом кунад. Беҳтар аст,
ки пасванди -чӣ фақат вазифаи асливу асосии худро
иҷро намояд, яъне чунонки дар боло дидем, машғулияти бо чизеро ифода кунад ва аз калимаҳои навзуҳур калимаҳои тозае созад. Ин тавр чунин маънӣ дорад,
ки пасванди -чӣ бояд ҷойи дигар воситаҳо, чунончи ҷойи
-гар, -гор, -кор, -анда ва монанди инҳоро нагирад, дар
сурате ки бо ин воситаҳо калимаи нав сохтан мумкин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор