Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

нест, бояд -чӣ ба кор дарояд, яъне асосан ҳамон равияе, ки дар забони мо бо пайдоиши калимаҳое аз қабили фойтунчӣ, мошиначӣ, пулемётчӣ, тракторчӣ, колхозчӣ, ташкилотчӣ, почтачӣ оғоз ёфта буд, бояд давом кунад, яъне -чӣ бо бархе аз калимаҳои нави хориҷӣ кор фармуда шаваду бас.

Пешниҳоди дувум. Модомки -гар аз пасвандҳои бостонӣ, аз қадимтарин унсурҳои забони миллӣ буда, дар забони классикӣ ва халқӣ ҷойгоҳе бузург доштааст, месозад, ки дар забони адабии имрӯз ба он бартарӣ бидиҳем.

Мутаассифона, мо ин ҷо имкон надорем, ки ба масъала як нигоҳи таърихӣ бияндозем. Ҳамин қадар ёдовар мешавем, ки аз аҳди бостон ба форсӣ ҳам як пасванди -чӣ мавҷуд буд, ки ҳоло танҳо дар калимаҳое монандӣ фарғоначӣ, ваҳёчӣ, техрончӣ боқӣ мондааст. Пасванди туркии -чӣ ба он пасванди қадимии форсӣ шаклан ба куллӣ ва мазмунан аз баъзе ҷиҳатҳо монанди дорад ва шояд аз ҳамин сабаб нисбатан ба осонӣ ба форсӣ-тоҷикӣ гузашт.

Алишери Навоӣ дар рисолаи «Муҳокиматуллуғатайн» забони форсӣ-тоҷикӣ ва туркиро аз чанд ҷиҳат ба ҳам муқоиса карда, мулоҳизаҳои ҷолибе баён намудааст. Ӯ аз ҷумла хабар додааст, ки дар садаи 15 ҳам баъзе калимаҳои туркӣ ба забони сортҳо (тоҷикон) даромада буд. Навоӣ чанде аз ин калимаҳоро мисол овардааст ва аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки бештари онҳо бо пасванди -чӣ сохта шудаанд. Чунончӣ:

мансаб ҳунар ва пеша

кӯрчӣ кудчӣ
сувчӣ борсчӣ
хизоначӣ кӯрукчӣ
ярокчӣ тамғочӣ
чавгончӣ чибачӣ
найзачӣ йӯрғачӣ
шукурчӣ (?) халвочӣ
юртчӣ кемачӣ
тӯлончӣ қӯйчӣ
ахтачӣ

Алишери Навоӣ таъкид кардааст, ки пасванди -чӣ
«дар лафзи сорт нест». Ва онҳо (сортҳо — М. Ш.) бисёре

пешина
аз 393
навбатӣ