Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҷойхоначӣ
иштирокчӣ
инқилобчӣ
тақлидчӣ
аълочӣ
алоқачӣ
зироатчӣ
сабабчӣ
дурӯғчӣ
қалобачӣ
мухториятчӣ
сарҳадчӣ
назариячӣ
миллатчӣ
бозорчӣ
ҷанҷолчӣ
ҷойхонадор
иштирокдор
инқилобкор
тақлидкор
аълокор, аълохон
алоқакор
зироаткор
сабабгор
дурӯғгӯй
қалобарес
мухториятҷӯй
сарҳадбон,
назарияпардоз
назариядон
миллатгарой
бозорӣ
ҷанҷолӣ
Ақидаи мо ин аст, ки дар забони адабӣ чунин калимаҳо на бо -чӣ, балки бо он воситаҳои дигар ба кор раванд, беҳтар буда, ба талаботи фарҳанги сухан созгортар аст. Бо -чӣ сохта шудани ин калимаҳо хоси забони ӯзбакист. Мо бояд ба он тарз ки хоси забони мост калима бисозем.
Аз номи олатҳои мусиқӣ бо илова кардани пасванди
-ӣ калимаҳое сохта мешаванд, ки навозандагони он олатҳоро ифода мекунанд: танбӯрӣ, дуторӣ, сеторӣ, ғижжакӣ ва ғайра. Вале чунонки дар тамошоӣ, бозорӣ, ҷанҷолӣ ва монандӣ инҳо дар калимаҳои ифодагари навозандагони олатҳои мусиқӣ ҳам рӯй дода буд, баъдтар -чӣ ба ҷои -ӣ гузашт: танбӯрӣ — танбӯрчӣ, дуторӣ — дуторчӣ, рубобӣ — рубобчӣ, ной — найчӣ, сурной — сурнайчӣ, қонунӣ — қонунчӣ, ғижжакӣ — ғижжакчӣ ва ҳоказо. Баъзеи ин калимаҳо ҳоло ба ду шакл — ҳам бо -ӣ ва ҳам бо -чӣ кор фармуда мешаванд.
Ба фикри мо, он ҷо, ки пасванди -ӣ нигаҳдорӣ шудааст ва ҳанӯз аз байн нарафтааст, коре кардан лозим аст, ки мавқеаш устувор гардад. Аз ин рӯ, дар забони адабӣ танбӯрӣ, дуторӣ, рубобӣ, ғижжакӣ, қонунӣ ба кор равад ба матлаб мувофиқтар аст.
Дар баъзе исмҳои ифодагари созандагон мавқеи
-чӣ басо устувор буда, гӯё бозгашт ба -ӣ дигар имкон
надорад. Дар ин сурат зӯран аз -чӣ даст кашидан ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор