Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дорад, ки бо пасвандҳои -гар+ӣ ва -ӣ+гар+ӣ сохт ёфтаанд. Чунин калимаҳо дар гуфтугӯ, хусусан дар лаҳҷаҳои шимол бештар ба чашм мехӯранд: сдамгарӣ, навигарӣ, бойигарӣ, ваҳшигарӣ, босмачигарӣ, аҳмақигарӣ, харигарӣ, тезигарӣ, дӯстигарӣ, сустгарӣ ва дигарҳо.
Дар забони адабии бадеиву илмии асрҳои гузашта низ калимаҳое ҳастанд, ки ба ин қолиб рехта шудаанд: сӯфигарӣ, туркигарӣ, форсигарӣ, софигарӣ, девонагарӣ (номи забоне дар Ҳинду Покистон), самарқалдигарӣ. (Ин самаркандигариҳо бо хуҷандӣ то ба кай?
— Камол). Дар навиштаҳои устод Айнӣ ҳам аз ин калимаҳо чанде мавҷуд аст. Баъзе аз чунин калимаҳо дар замони мо аз лаҳҷаҳо ба забони адабӣ даромада истодаанд.

Вале миёни он калимаҳои дорандаи -ӣ+гар+ӣ, ки дар асрҳои гузашта дар забони адабӣ пайдо шудаанд ва онҳое, ки дар айёми мо ба навиштаҳо роҳ ёфта истодаанд, як фарқи ҷиддӣ ҳаст. Калимаҳое, ки устодони замонҳои пешин истифода намудаанд, чунончи, сӯфигарӣ, туркигарӣ, форсигарӣ ва ғайра чунон сохта доранд, ки аз се пасванди онҳо якеро аз ҷо ҷунбонидан мумкин нест ва агар якеро партоем, маънӣ халал меёбад ё дигар мешавад. Яъне ҳар ҷузъи ин калимаҳои сохта ба сифати як унсури зарурии қатъӣ нақше доранд. Ин шарти муҳими калимасозӣ дар баъзеи он калимаҳо, ки имрӯз аз гуфтугӯ ба навиштаҳо меоянд, низ риоя гардидааст. Масалан, ваҳшигарӣ ба маънои ваҳшоният аст ва фарзан агар гар+ӣ аз он соқит гардид, маънӣ тамоман дигар хоҳад буд: аз ваҳшӣ то ваҳшигарӣ фарқ калон аст. Бинобар ин дар ин калима ҳам паси якдигар омадани ду-се часпак ҳодисаи қонунмандест.
Лекин аҳмақигарӣ, тезигарӣ, дӯстигарӣ, навигарӣ, нағзигарӣ, пастигарӣ, зӯригарӣ чунин нест. Аз ин калимаҳо -гар+ӣ партофта шавад ҳам, маънӣ ҳамон аст, ки буд: асосан аҳмақигарӣ ҳамон аҳмакӣ ва тезигарӣ ҳамон тезӣ мебошад, навигарӣ ҳамон навӣ аст. Аксаран ҳаммаъно будани ҳарду шакли ин калимаҳоро аз он ҷо мефаҳмем, ки дар дохили ҷумла миёни маънои онҳо ҳудуде нест: аҳмақигарӣ накун ва аҳмакӣ накун, тезигарӣ фоида надорад ва тезӣ фоида надорад, навигариҳои рӯз ва навиҳои рӯз ба назари ман аз ҳам фарқ надоранд. Агар дар ҳақиқат чунин бошад, чандон эҳтиёҷ намемонад, ки аз навӣ навигарӣ созем аз тезӣ

пешина
аз 393
навбатӣ