Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

тезӣгарӣ ба вуҷуд орем, аз дӯстӣ дӯстигарӣ эҷод кунем ва ҳоказо.

Пешниҳоди мо ин аст, ки дар истифодаи ин навъи калимаҳои халқӣ эҳтиёт зарур аст. Чунонки суханварони замонҳои гузашта фақат баъзе аз чунин калимаҳоро маъқул донистаанд ва ба он шарт истифода кардаанд, ки ҳама часпакҳо бамавқеъ омада бошад, беҳтар он аст, ки мо ҳам имрӯз ин дастурро сармашқи кор қарор диҳем ва аз истеъмоли безарурати он навъи чунин калимаҳо, ки ду-се пасванд маънои онҳоро дигар накардааст, худдорӣ варзем.

Албатта, навъи дувуми ин калимаҳо — онҳое, ки пасванди -гар+ӣ маъноро дигар накардааст ва зиёдатист, низ аз рӯйи зарурат қобили истифодаанд. Чунончи, корбурди онҳо дар асари бадеӣ барои тасвири персонаж метавонад пурсӯмар бошад. Дигар мавридҳои муносиб низ пайдо мешудагист. Вале дар забони адабии асил, дар он сурат ки дар назди забони адабӣ ва ҳусни сухан талаботи сахт мегузорем, ба ақидаи мо, худдорӣ аз навъи дувуми калимаҳои дорои -й+гар+ӣ матлуб аст.

Дар байни навъи дувуми ин калимаҳо калимаи хонигарӣ низ ҳаст. Ин ҳам се часпак дорад: хол-и-гар-ӣ.
Пайдоиши он дар забони тоҷикӣ ба гумони қавӣ, пас аз инқилоб аст: онро ҳангоми тарҷумаи истилоҳи русии ханство сохтаанд. Чунончи, кокандское ханство — хонигарии Қӯқанд, Бухарское ханство — хонигарии Бухоро. Яъне хонигарӣ аз истилоҳоти имрӯзаи илмӣ таърих аст. Лекин ба фикри мо, ин калима дар забони адабӣ ба сифати як истилоҳи илмӣ ҳуқуқи мавҷудият надорад. Сабаби асосии чунин ҳукми қатъии мо ин аст, ки калимаи хонигарӣ чун як истилоҳи иҷтимоиву сиёсии расмӣ дар вақташ, дар айёми мавҷудияти давлати Қӯқанд, Бухоро ва Хева вуҷуд надошт. Дар забони русӣ нисбат ба ин давлатҳои Осиёи Миёна истилоҳи ҳанство ба кор мерафт, вале худи ҳокимони ин давлатҳо ё халқи авоми онҳо нисбат ба давлату мамлакати худ аз истилоҳи хонигарӣ истифода намекарданд. Калимаи хонигарӣ асосан дар навиштаҳои таърихшиносон ба расмият даромад. Ва ҳол он ки ин кор дуруст набуд. Мо ин давлатҳоро имрӯз ҳам дар илми ҷикӣ ба он ном, ки дар вақташ дар доираҳои расмии ин кишварҳо қабул шуда буд, бояд номбар кунем. Мо имрӯз онҳоро чӣ тарз ки худашон худро ном гузошта

пешина
аз 393
навбатӣ