Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

аз овардани мисол худдорӣ карда, ба як ҷиҳати дигари масъала диққат ҷалб менамоем.
Аз аввали ташаккули забони адабии форсии дарӣ расме буд, ки гоҳ барои ифодаи хилофият дар ҷумлаи мураккаб на як, балки ду пайвандак истифода мекарданд: ғайр аз пайвандаке, ки дар аввали ҷумлаи пайрав ҳаст, пайвандаки дигаре ҳам дар аввали сарҷумла мегузоштанд. Масалан, ба ин тарз:

Ишқро гар паямбарӣ, лекин
Ҳуснро офаридгор туй.
Рӯдакӣ

Ҳарчанд аз гаронӣ холӣ набувад, аммо бар вазни фоилун бисёр гаронтар бошад.
(Насируддини Тӯсӣ)

Гарчи дар мулки сухан ман Туғрали Аҳрориям,
Лек ҷоми қисматам аз хоки Тӯрон рехтанд.
Туғрал

Агарчи буд китобам пур аз лаолии илм,
Вале касаш зи пашизе намехарид зиёд.
Лоҳутӣ

Дар мисоли якум (ки аз Рӯдарист) гар ба маънои гарчи омадааст, яъне на шартият, балки хилофиятро ифода мекунад. Дар ин байт лекин ҳам ҳамин маъниро мефаҳмонанд. Яъне дар ин байт, ки як ҷумлаи мураккаб аст, як маъно бо ду восита — бо ду пайвандак ифода ёфтааст, ки яке дар ҷумлаи пайрав, (Ишқро гар паямбарӣ) ва дигаре дар сарҷумла воқеъ шудааст. Ҳамин ҳолатро дар мисолҳои дигар, ки аз Хоҷа Насир, Туғрал ва устод Лоҳутӣ овардаем, низ мебинем.

Дар ҳамаи ин мисолҳо пайвандаки дувум зиёдатист: маъно бо пайвандаки аввал пурра баён шудааст, аз ин рӯ ба пайвандаки дигаре эҳтиёҷ намемонад.
Масалан, агар Хоҷа Насир мегуфт, ки «ҳарчанд аз гаронӣ холӣ набувад, бар вазни фоилун бисёр гаронтар бошад», яъне агар пайвандаки дувум — «аммо»-ро зикр намекард ҳам, маъно халал намеёфт. Ё ки агар ҳарчанд фурӯгузор мешуду аммо боқӣ мемонд, низ маъни ҳамон мебуд, ки ҳаст. Дар мисолҳои дигар ҳам хоҳ пайвандаки якумро фурӯ гузорем, хоҳ пайвандаки дувумро, ба маъно зиён намеорем. Ба ҳамин ваҷҳ бояд гуфт, ки яке аз ин пайвандакҳо зиёдатист. Бо

пешина
аз 393
навбатӣ