Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Вуҷуди ин устодоне чун Рӯдакӣ, Насируддини Тӯсӣ ва Лоҳутӣ ба сухан илова шудани як пайвандаки барзиёдро айб надонистаанд, раво шумурдаанд. Вазифаи он пайвандаки дувуми илова ҳамоно қувват додану таъкиди сухан аст. Хусусан дар гуфтор, ҳангоми суханронии пеши мардум ба чунин таъкиду тақвияти сухан эҳтиёҷ бисёртар аст.
Ба як мақсад омадани ду пайвандаки хилофӣ дар забони адабии асрҳои гузашта, хусусан дар осори устодони сухан Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва монанди инҳо хеле кам, гоҳ-гоҳе дида мешавад, дар навиштаҳои баъзе муаллифоне, ки аз забардастони ягон соҳаи илму ҳунаранд, вале дар сухан нисбатан кам иқтидор доранд, бештар ба дид мерасад.
Дар забони адабии имрӯза ҳамин равия хеле ривоҷ ёфт: ҳоло барои ифодаи хилофият истеъмол шудани ду пайвандакро бисёр мебинем. Дар баъзе мавридҳо пайвандаки дувум на танҳо барзиёд нест, балки барои ифодаи маънист зарур аст:
«Аз нав зинда шудани ғояҳои пешқадам (гарчанде бо суръати кам, аммо хеле ҷонбахш) дар мамлакатҳои Шарқ ҳам ба назар мерасад».
Аз ин мисол ба сохти ҷумлаи миёни камонак диққат ҷалб кунониданӣ ҳастем: гарчанде бо суръати кам, аммо хеле ҷонбахш (аст). Аз ин ҷумла мумкин аст, ки гарчанде партофта шавад, вале аммо-ро партофтан мумкин нест. Яъне танҳо пайвандаки якум метавонад барзиёд бошад, аммо пайвандаки аввали сарҷумла ҳатмист. Пас, ин ду пайвандак баробарҳуқуқ набуда, мавқеи дувумӣ устувортар аст.
Дар аксари чунин ҷумлаҳое, ки дар навиштаҳои имрӯза мебинем, боз ҳам фарқ надорад, ки пайвандаки якум партофта мешавад ё пайвандаки дувум.
Дар забони адабии имрӯза бо ду воситаи ҳаммаъно ифода шудани як матлаб хеле доман паҳн кардааст. Акнун на танҳо хилоф, балки гоҳ шарту сабаб ҳам бо ду воситаи грамматикӣ адо мегардад. Чунончӣ:
Агар дар шеърҳоям... баъзан партаве аз зиндагонии пурзиддияти онрӯза акс кунад ҳам, тасодуфӣ ва ба тарзи стихия буд (Айнӣ).
Азбаски вай ҳаёти халқро нағз медонист, бино бар ин забони асарашро бо материли фолклорӣ зинат медид (Икромӣ).
Дар мисоли якум агар ва кунад ҳам, ки дар аввалу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор