Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«ЯК-ДУ ҚАМЧИН НАМЕРАСАД»

Таъбири як (як-ду) қамчин намерасад аз он ҷо омадааст, ки дар гузашта девонагонро бо қамчинкорӣ муолиҷа мекарданд. Ин тарзи муолиҷа дар асарҳои устод Айнӣ ва Ҷ. Икромӣ (чунончи, дар повести дувуми «Тори анкабут») тасвир шудааст. Маънои як-ду қамчин намерасад он аст, ки боз як-ду тозиёна задан даркор аст, яъне «у» ҳанӯз андак девонагӣ дорад. Ба ин маъно гоҳ (ба у) як-ду қамчин камӣ мекунад ҳам мегӯянд.

Аммо рафта-рафта сабаби пайдоиши ин таъбир ва маънои аслии он фаромӯш шудааст. Ҳоло дар баъзе маҳалҳо, масалан, ба ҷойи ба у ду-се қамчин дар кор аст гуфтан мегӯянд, ки у як қамчин дорад, ки дуруст нест. Ин таъбир ба ҳамин шакли нодуруст ба навиштаҳои имрӯза ҳам роҳ ёфта истодааст. Чунончи, қаҳрамони як нависанда ба дигаре гуфтааст: «Ту ҳам як қамчин дорӣ». Ва ҳол он ки, масалан, «Ту ҳам ба як қамчин ҳақ дорӣ» гуфтан даркор буд. Он гоҳ сухан маънии киноявӣ пайдо мекард ва маънояш он мебуд, ки ба ту ҳам як қамчин намерасад (камӣ мекунад), яъне ту ҳам андак девона ҳастӣ.

ҚАВСАИН ВА ПАЙВАНДАК

Дар 20-25 соли охир дар миёни ду қавс эзоҳ додани матлабе хеле ривоҷ ёфт. Шарҳи миёни қавсайн барои пурратар ифода шудани мазмун ва таъкиди фикре, хусусан барои сабук шудани ҷумла ва аз байн рафтани печу тоби он аҳамияти калон дорад. Ба ин сабаб бештар истифода шудани имкониятҳои қавсро ҳодисаи мусбат донистан лозим аст. Қавс на фақат солҳои охир, балки аз аввали пайдоишаш, аз оғози даҳаи бистуми садаи бистум барои афзоиши имконоти забони тоҷикӣ хизмат карда истодааст. Ин ҳам як намуна аз дороииафзоии забони тоҷикӣ ба шарофати забони русист.

Дар баъзе ҷумлаҳо қавс ба тарзе омадааст, ки ба ҷумла қавс дохил кардан шарт набуд, яъне чунин ҷумлаҳоро ҳам бо қавс ва ҳам бе қавс тартиб додан мумкин аст. Масалан, ин ҷумла:

«Азбаски касе симурғро (ки анқо муродифи арабии он аст) надидааст, чизҳои ноёбро ба он ташбеҳ медиҳанд».

пешина
аз 393
навбатӣ