Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Ин ҷо ҷумлаи пайравро, ки бо пайвандаки ки сар шудааст, ба қавс нагирифтан ҳам мумкин буд, лекин муаллиф онро ба қавс овардааст ва ин ҳам нодуруст нест. Дар мисоли боло ҷумлаи миёни ду қавс ҷумлаи пайравест, ки дар дохили дигар ҷумлаи пайрав («азбаски касе симургро надидааст») ҷой гирифтааст. Бино бар он ки ду ҷумлаи пайрав дарун ба дарун омадааст, муаллиф қарор додааст, ки дувумиро миёни қавсайн тузорад, то ки онро аз ҷумлаи пайрави якум ҷудо кардан осонтар шавад. Ин, албатта, як навъ мавридшиносит:
қаламкаш аҳамияти қавсро чун муҳимбароре нағз пай бурда, ба хубӣ истифода намудааст.

Баъзе суханварон имконоти қавсро хеле моҳирона ба кор андохтаанд. Чунончи, ин ҷумлаи устод Айниро аз назар гузаронем, ки дар бораи Саъдист:

«Ӯ дар сафарҳояш бо дуздон ва роҳзанон (корвонро мудофиа карда) шахсан мубориза мекунад».

Ин ҷумла аҷобате дорад. Барои аҷобати онро дидан лозим аст, ки онро бе қавс хонем: «Ӯ дар сафарҳояш бо дуздон ва роҳзанон корвонро мудофиа карда шахсан мубориза мекунад». Чунонки мебинем, дар ин сурат маънои матлуб ҳосил намегардад, зиёда аз ин маънои номатлубе ҳосил мешавад: гӯё «ӯ» бо ҳамкории дуздону роҳзанон корвонро мудофиа мекардааст. Аммо се калимаро ба қавс гирем, матлаби аслӣ равшану возеҳ ифода меёбад.

Ин аст, ки агар қавс устокорона истифода шавад, низ яке аз мушкилкушоҳои муҳимбарорҳои мӯъҷизакоре метавон буд.

Аз ду мисоле, ки овардем, ду вазифаи муҳими қавс маълум мегардад: 1) Вазифаи аввал аз дигар ҷузъҳои ҷумла ҷудо кардани як ҷузъи он — яке аз аъзоҳои чида ё ибораи туфайлии ё ки ҷумлаи пайрав ва ғайра мебошад. Мақсади ин ҷудокорӣ гоҳ андак диққат ҷалб кардан ба он ҷузъ, гоҳ таъкиди махсус, гоҳ беҳтар намоён кардани сохти ҷумла ва ба ин восита ёрмандии барои зудтар фаҳмидани маънои он аст. Дар ин сурат баъзан, балки аксаран қавсро партофтан мумкин аст.

  1. Аз мисоли дувум — ҷумлаи устод Айнӣ намудор аст, ки гоҳ қавс маънои ҷумларо тамоман тағйир медиҳад ва онро аз ҷумла партофтан имкон надорад, ҷояшро дигар кардан қариб мумкин нест, аз иваз кардан бо вергулу тире ҳам худдорӣ беҳтар аст.

Лекин дар навиштаҳои имрӯза ин шартҳои тартиб

пешина
аз 393
навбатӣ