Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

айбе надорад. «Кафш»-ро ҳам ба ҷойи «кулоҳ» ва «сар»-ро ба маънои «пой» ба кор бубаред ва он вақт иддио кунед, ки таҷаддуде ҳам дар адабиёту забони форсӣ эҷод кардаед!» (Хонларӣ. Забоншиносӣ ва забони форсӣ, саҳ. 336).

Алҳақ, мо ҳам дар ин маврид ва бисёр мавридҳои дигар коре карда истодаем, ки монанди ба сар гузоштани кафш ва ба пой кашидани кулоҳ аст.

Бо пиндори мо, таъбирҳои тозабаромади нақше дорад ба маънои аҳамият дорад, нақш иҷро кард ба маънои таъсир гузошт ва ғайра қобили қабул аст.

«НАМОИШНОМА»

Солҳои охир калимаи намоишнома дар истилоҳоти театр ва драматургияи тоҷик аз форсии имрӯза қабул шуд. Аз форсӣ ё дарии Афғонистон қабул кардани баъзе истилоҳот, албатта, айб нест. Ҳангоми тартиб додани истилоҳоти нави тоҷикӣ на фақат таҷрибаи донишмандони Эрону Афғонистон, балки таҷрибаи истилоҳсозии забони англисӣ, фаронсавӣ ва ғайраро низ ба назар гирифтан зарур аст. Ин кор барои ёфтани шакли дурусти баъзе истилоҳоти тоҷикӣ, барои ёфтани муодилҳои беҳтари баъзе истилоҳу мафҳумҳое, ки аз забони русӣ мегирем, аз фоида холӣ нахоҳад буд. Дар забони ҳозираи русӣ низ ҳангоми сохтани истилоҳоти нав аз таҷрибаи донишмандони дигар забонҳо истифода мекунанд.

Лекин рафиқони мо «намоишнома»-ро аз форсӣ тамоман нодуруст қабул кардаанд. Онҳо маънои аслии ин калимаро ба эътибор нагирифтаанд. Намоишнома матнест, ки барои намоиши театрӣ тартиб ёфтааст, яъне пьеса аст. Аз ҳамин сабаб як ҷузъи ин калима нома аст. Нома чизест, ки навишта шудааст: даъватнома—даъвати хаттӣ, илтимоснома—илтимоси навишта, шикоятнома—аризаи шикоят, шикояти навишта, зафарнома—китоби зафарҳо, баёну тасвири навиштаи ғалабаҳо ва ҳоказо. Аммо дар мақолаву китобҳои имрӯзаи тоҷикӣ намоишнома на ба ҷойи пьеса, балки ба маънои спектакл ба кор меравад. Чунончи, мегӯянд:

Намоишномаи мазкурро режиссёри театр фалонӣ таҳия кардааст.

пешина
аз 393
навбатӣ