Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Ленинградӣҳо намоишномаҳои театрро тамошо карданд».
Ин тарз ба маънои спектакл истифода шудани намоишнома дуруст нест. Спектакл намоишнома буда наметавонад, чаро ки навиштае нест, балки фақат намоиш аст. Ин намоишро намоиш номидан лозим аст. Аммо намоишномаро танҳо ба маънои пьеса кор фармудан мумкин аст.
Ба ҷуз ин, намоишнома дар дигар мавридҳо, чунончи ба ҷойи либретто ва сценарий низ қобили истифода аст: намоишномаи балет, намоишномаи кино. Дар Эрон намоишномаи киноро филмнома мегӯянд, ки мо низ онро бояд бипазирем.
«НАМУД»
Фалсафаи намуд дар бисёре аз навиштаҳои имрӯза маъное пайдо кардааст, ки ба маънои аслии он ҳеҷ мувофиқ намеояд. Онро ҳоло бештар ба маънои навъ ва хел кор мефармоянд. Чунончи, ба ин тарз:
«Ин намуди ташбеҳ дар ғазалҳои шоир ниҳоят кам аст».
«Намудҳои алоҳидаи рустанию ҳайвонот аз байн мераванд» (гӯё аз байн рафта истодаанд).
«Ин намуди парандаҳоро ба Китоби сурх дохил карданд».
«Пас аз рӯйи баҳое намудҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ наишод».
Ин тавр ба маънои навъ ва хел омадани намуд дар матбуоту китобҳои ҳозира хеле бисёр ба чашм мерасад. Ин ҳол он ки маънои он аслан навъу хел нест. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» намуд чунин эзоҳ шудааст:
- афт, шакл, симо, манзара; 2) намуна, тимсол. Устод Айнӣ дар «Луғати нимтафсилӣ» маънои онро ба назар намудан ҳисоб карда, чунин мисол овардааст: Намуди ин чиз хуб аст. Устод дар ҳамин луғат гуфтааст: башара — намуди берунии рӯйи одам.
Намуд дар асл асоси феъли намудан буда, ин феъл ба маънои нишон додан, намоён кардан ё шудан, ба назар омадан ва ғайра истеъмол мегардад. Намудор ҳам аз ҳамин феъл буда, масалан, намудор шудан намоён гардидан аст.
Аз ин қисса намуд шакли зоҳирии ҳар чиз мебошад.
41

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё