Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
аз 20 метр зиёдтар қабул кардан мумкин нест, пас дар як вақт ду-се пешбанд гузоштан лозим меояд». Ва ҳоказо.
Бовар дорем, ки аз ин гапҳо на фақат ягон обмон, балки ягон забоншинос ҳам чизе намефаҳмад. Аҷобат дар ин аст, ки дар ин ҷумлаҳо ҳамаи калимаҳо (ғайр аз ибораи транспирацияи интенсивӣ) тоҷикӣ мебошанд. Лекин баёни фикр тамоман муғлаку вайрон ва бесаводона аст. Аз ин рӯ, бо қатъияти тамом бояд гӯем, ки, азизон, ин забони тоҷикӣ нест! Забонро ба ин дараҷа расондан ҷиноят аст.
Ҳамаи ин мисолҳо ниҳояти бемасъулиятии моро дар соҳаи забон ва тарзи баён нишон медиҳад. Забони тоҷикӣ аз бемасъулиятии аҳли қалам чандин сол боз хеле зарар дида истодааст ва агар ин бепарвой, саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ пешгирӣ нашавад, ба забони мо зарарҳое хоҳад расид, ки ислоҳи он имконнопазир хо- ҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор