Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

АНҶОМИ СУХАН

1

Хулосаи китоби мо ин аст, ки фарҳанги имрӯзаи сухани тоҷикӣ камбудӣ бисёр дорад. Маънои хоси калимаеро ба назар нагирифтан ва калимаро тамоман ба маънои дигаре кор фармудан, ривоҷ ёфтани шаклҳои вайрони калимасозӣ, иборабандӣ ва ҷумлаороӣ, қаламронин таҳминӣ, муғлақбаёнӣ, фарқ нагузоштан дар байни сухани суфтаву равон ва дурушту ноҳамвор маданияти забонро паст бурда истодааст.

Қаламкаш бояд табъи салим дошта бошад, ки сараро аз сақат ҷудо карда тавонад. Сухан бояд халқӣ ва содаву равон, монандӣ оби зулол софу беғубор бошад. Он гоҳ фикру ҳис равшану возеҳ, пурраву мукаммал, бо ҳама тобишҳову қувваташ ифода мешавад. Ҳар калимае, ки зиёдатӣ ё нобаҷост, майдатарин унсуре, ки ба сухан гаронӣ овардааст, фикру ҳисро лоақал андаке тира месозад. ЧунонКИ покизакорӣ ба ҳар кас, ба ҳар касбу кор зарур аст, пок гуфтан, соф ва бе ғилу ғаш андешидан ҳам лозими ҳар як қаламкаш аст.

Забони адабии тоҷикӣ забони иқтидормандест, ки дар зарфи чандин аср сайқал ёфтааст. Ин ҳолат ба зиммаи қаламкашҳои имрӯза масъулияти ҷиддие мегузорад. Донистани таърихи забони адабӣ ва роҳҳои инкишофи он, ҳамаҷониба истифода кардан аз андӯхтаҳои чандинасраи вай, бо ҳассосияти махсусе ҳис кардани нозукиҳои он аз шартҳои асосии фарҳанги сухан аст. «Ба мафҳуми фарҳанги сухан донистани системаи воқеии забон ва инкишофи таърихии он дохил мешавад».1 Меъёрҳои классикии сухани асил хусусан дар забони тоҷикӣ, дар забоне, ки анъанаҳои устувори чандинасраеро дорост, аҳамияти калон дорад. Дар ягон соҳа, масалан, дар калимасозӣ ё ҷумлабандӣ ва ё дар мавриди муайян кардани ҷойи калима дар ибора ва ҳоказо аз меъёрҳои классикии асолати сухан дур рафтан барои инкишофи забони адабӣ оқибатҳои номатлубе хоҳад дошт.

Албатта, меъёрҳои классикӣ, чунончи, дар соҳаи калимасозӣ ҳамеша инкишоф ва такмил меёфтанд ва дар

1 Скворцов Л. И. Теоретические основы культуры речи. — М.: Наука, 1980, с. 109.

пешина
аз 393
навбатӣ