Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

равшан гардад, аз матн чанд калимаро партофтан лозим буд: «Ин овозаҳо бо мақсади рӯпӯш кардани қатли қаҳрамон бофта шуда буданд». Ин аст, ки тарҷумон дар ин ҷумлаи хурд чор калимаи зиёдатиро ба кор бурдааст ва ҳамин калимаҳо маъноро хира кардаанд.

Ҷумлаи дигар: Ташкилоти назорат аз болои аз тарафи давлатҳо иҷро карда шудани ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон ба таври доимӣ назорат мекунад. Ин ҷумлаи муғлаки каснофаҳм 19 калима дорад, аммо онро бо 9 калима тартиб додан мумкин буд: Ташкилоти назорат иҷрои ӯҳдадории давлатҳоро доимо назорат хоҳад кард.

Ё ки ин ҷумларо бинем: «Ба он чӣ ки ин ё тарафи дигар кай медонистанд ва ё тахмин мекарданд, ки онҳо медонанд, боз таассурот, ҳиссиёт, мулоҳизаҳои нав илова мешаванд».

Ин ҷумларо чанд бор хонем ҳам, маънои онро фаҳмидан имкон надорад.

Чунин ҷумлаҳоро аз ҳар саҳифаи баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо ёфтан мумкин аст. Муғлақбаёнӣ ранги умумӣ гирифтааст. Китобҳое вомехӯранд, ки саропо иборат аз калимаю ибораҳои нодуруст ва ҷумлаҳои вайрони номафҳум мебошанд. Аксари китобҳое, ки ба ёрии деҳқонон, ронандагони автомобил, бинокорон ва ғайра чоп мешаванд, аксаран чунинанд. Қалам ба дасти бесаводон афтодааст. Осори бесаводӣ дар ҳар қадам ба чашм мерасад. Инак аз китобҷае, ки барои обмонон соли 1983 чоп шуда буд, чанд ҷумла мисол меорем:

«Мезёри умумии обшӯйкуниҳоро бо якчанд усул ба ҷо меоранд. Ҳар як миқдори муайяни оби минбаъда баъди якчанд рӯзе, ки қитъа миқдори пешинаи обро ҷаббида мегирад, ба он мерезад».

«Мӯҳлати обмонии дуюм ва обмониҳои минбаъдаро тавассути дар каҷ нишон додани тафовути байни захираи об ҳангоми ҳадди намбардории охирини саҳрой ва намнокии пешазобмонии хок дар чуқурии қабати ҳисобии хок муқаррар менамоянд».

«Зироатҳои сабзавот ба нигоҳ доштани намиИ ХОК хеле серталабанд. Ин ба зиёд нигоҳ доштани об (то 95 фоиз) дар бофтаҳои растаниҳо, транспирацияи интенсивӣ, сербаргии зироатҳо, калон шудани ҳаҷми сӯрохии хурди пардаи барг ва системаи решагие, ки дар қабати болоии хок воқеъ гардидааст, вобаста мебошад».

«Ҳангоми майли зиёд, вакте ки дарозии кории чӯйчаҳоро

пешина
аз 393
навбатӣ