Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

давраи демократӣ шудани забони арабӣ хеле дигаргунӣ пазируфтанд. Вале ин дигаргунӣ бояд бар хилофи меъёрҳои устувори классикӣ сурат нагирад, ба онҳо зид набусад, балки онҳоро бо роҳи меросбарӣ ва идомакорӣ такмил диҳад. Он гоҳ инкишофи табиии забони адабии ҳозира ва фарҳанги сухан таъмин хоҳад шуд. Меросбарӣ ва идомакорӣ аз шартҳои асосии тараққии муваффақиятомези забони адабӣ ва фарҳанги сухан аст. Забони адабӣ дар инкишофи ҳозирааш бояд ба андӯхтаҳои классикиву халқӣ такя кунад.

Забони адабии тоҷикӣ дар инкишофи ҳазорсолааш, ба истиснои баъзе давраҳо ва баъзе ҷараёнҳои услубӣ, ҳамеша бо асоси халқии худ робитаи мустаҳкам дошт. Ҳамбастагии ногусастании забони адабӣ ва бунёди халқии он дар замони мо беш аз пеш аҳамият пайдо кардааст. Ба ин ҳақиқат аз инкишофи забони адабии ҳозираи русӣ низ бовар ҳосил мекунем. Чунончи муҳаққиқон таъкид кардаанд, «робитаи амиқи таърихии забони адабӣ ва халқӣ ба забони русӣ дар ифодаи мафҳумҳои нав ё тобишҳои маъно образнокиву рангомезӣ ва дақиқияте бахшидааст»1. Аз ҳамин ҷост, ки забони русӣ ҳоло дар ҳамаи соҳаҳо — чӣ дар услуби бадеӣ, чӣ дар услуби илмӣ ва публисистӣ, чӣ дар истилоҳоти иҷтимоиву сиёсӣ ва илмию техникӣ ба қатори пуркувваттарин забонҳои ҷаҳон баромадааст ва барои афзудани ғаномандии бисёр забонҳои дигар, хусусан забони халқҳои гуногуни шӯравии собиқ роли калон бозидааст. Як сарчашмаи асосии афзоиши иқтидори забони адабии ҳозираи русӣ ҳамоно робитаи ногусастании таърихӣ бо бунёди халқӣ мебошад.

Таъсири забони адабӣ ба гуфтугӯ шояд дар ягон давру замон ба ин дараҷа, ки имрӯз ҳаст, набуд. Устод Айнӣ солҳои сӣ орзу мекард, ки ба забони адабӣ гап задани талабагон ва калонсолонро бинад. Мо инро имрӯз дида истодаем. Имрӯз чун баъзе кормандони кишоварзӣ, созмонҳои гуногун, идоранишҳо аз телевизион бе матни тайёр баромад мекунанд, мебинем, ки босаводона гап мезананд, ба забони адабӣ гуфтугӯ мекунанд. Инро агар устод Айнӣ медид, курта-курта гӯшт мегирифт. Мо ҳоло ба ҷойи ӯ ҳам ҳаловат мебарем ва ҳар лаҳза ҳис мекунем, ки дар ин кор хизмати устод Айнӣ ва дигар нависандагони мо, хизмати кормандони мак-

1 Ҳамон ҷо, саҳ. 185.

пешина
аз 393
навбатӣ