Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
таълиму маориф, илму фарҳанг ва санъат, матбуоту нашриёт ва телевизиону радио бузург аст. Инҳо пояҳои забони адабиро дар фарҳанг устувор карда истодаанд.
Ин хизмати бузург ва вазифаҳои боз ҳам бузургтар масъулияти онҳоро дар назди халқ ва забони ӯ боз зиёдтар мекунад. То чӣ андоза бузург будани ин масъулият аз ҳамин ҳам маълум мешавад, ки ҳоло дар масъалаи забономӯзии омма, дар масъалаи интишори забони адабӣ таъсири мактабу маориф, матбуоти ҷорӣ ва телевизиону радио, масалан, аз таъсири асарҳои устод Айнӣ зиёдтар аст. Мардуми мо асарҳои устод Айниро, ғайрат кунанд, дар умрашон як бор мехонанд, аммо рӯзномаро ҳар рӯз мутолиа менамоянд, аз радиову телевизион ҳар рӯз истифода мекунанд. Ҳоло мардуми мо асосан аз инҳо забон ва тарзи баён меомӯзанд. Пас масъулияти муаллифону тарҷумонҳои китобҳои дарсӣ, масъулияти матбуоти ҷорӣ ва телевизиону радио, нависандагони ҳозира ва муаллифони асарҳои илмӣ ва илмии оммабоб хеле ва хеле афзудааст.
Аз ин ҷо тамоман равшан аст, ки пояҳои халқӣ ва меъёрҳои классикии забони адабӣ аз ҳама пеш дар навиштаҳои кормандони воситаҳои ахбороти оммавӣ бояд мустаҳкам бошад.
Афсус ки маҳз дар ҳамин соҳа аз баъзе ҷиҳатҳо пояҳои халқии фарҳанги сухан суст аст. Имрӯз суст шудани пояҳои классикиву халқии забон чӣ аз истифодаи захираи луғавии забон (чунончи бидуни эҳтиёткорӣ ба кор бурдани калимаҳо) ва чӣ аз ибораву калимасозӣ ба мушоҳида меояд. Зикри он дар чанд боби китоби мо гузашт. Дар калимасозӣ, дар истифодаи захираи луғавӣ, дар иборабандиву ҷумлаороӣ устувор кардани бунёди халқӣ ва меъёрҳои классикии забони адабӣ ҳоло аз муҳимтарин вазифаҳои фарҳанги сухан аст.
Академик В. В. Виноградов гуфта буд: «Дар қоидаҳои алоқамандии калимаҳо, дар қонуниятҳои шаклгирии навъу типҳои гуногуни калимабандӣ махсусияти миллии забон равшан падид меояд»1. Ба фикри мо, ин гапро ба калимасозӣ ва навъҳои он ҳам нисбат диҳем, хато нахоҳем кард. Пас дар ҳамаи ин соҳаҳо риоя шудани қоидаву қонуниятҳои инкишофи забон, яке аз
1 Виноградов В. Введение. — Грамматика русского языка, т. II, — М.: 1960, с. 11.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор