Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

шартҳои асосии такомулу пешрафти минбаъдаи он аст. Агар беэътиноӣ нисбат ба қоидаву қонунҳо вусъат ёф-тан гирад, забони адабӣ аз муҳимтарин сифатҳо, аз иқ-тидори худ маҳрум хоҳад гардид, аз иҷрои вазифаҳои ҷамъиятии худ оҷиз хоҳад омад.

Рушду камоли забон ҳамеша аз рӯйи меъёрҳои му-айян сурат мегирад. Қоидаҳо, қолабҳо, асосҳо, анъана-ҳое ҳастанд, ки моҳияти ҳастии таърихии забонро таш-кил мекунанд, дар тӯли асрҳо ташаккулу такомул ёф-таанд. Такомули имрӯзу баъдии онҳо ояндаи забонро таъмин менамоянд. Онҳоро муқаддас бояд дошт. Ҳама навихову пешрафтҳо бояд ба онҳо бунёд биёбад, дар асоси онҳо ба вуҷуд биёяд, аз такомули ғаноафзои онҳо ҳосил шавад. Инҳо меъёрҳои халқиву классикӣ мебо-шанд, ки дар ҳамаи соҳаҳои забон чун шаҳпоя хизмат мекунанд. Имрӯз номи нави чизҳо, маҳалҳо, пешаву касбҳо ва ғайра, таносуби калимаҳо ба якдигар, сохти калимаҳои мураккаб, иборабандиву ҷумласозӣ ва ҳоказо бояд хилофи меъёрҳои халқиву классикӣ сурат наги-ранд, маҳз ба онҳо такя дошта бошанд. Агар меъёрҳое, ки дар тӯли асрҳо такомул ёфтаанд, ба назар гирифта нашаванд, забон аз оғозгоҳҳои худ дур меравад, аз асо-лати халқиву классикӣ, аз заминаи миллӣ маҳрум ме-гардад. Имрӯз чунин хавфе ба сари забони мо омада-аст. Ин хатарро аз сари забони миллӣ дафъ кардан ло-зим аст. Меъёрҳои халқиву классикиро бояд омӯхт. Дар асоси меъёрҳои чандин аср тавоноии забонро афзун та-вон кард, то ба хостҳои имрӯз созвор биёяд.

Бесабаб нест, ки баъзе устодони сухан дар ҳаққи харобкорони забон бисёр сахт гап задаанд. Аз ҷумла Константин Паустовский гуфтааст: «Касе, ки аз забони модарии худ парвое надорад, — ваҳшист»1. Мо комилан ҳамфикри ин нависанда ҳастем.

Афсӯс, ки имрӯз дар байни қаламкашҳо ваҳшиёни харобкор бисёр шудаанд. Фаъолияти ваҳшиёнаи онҳо бояд пешгирӣ шавад. Ин вазифаи тамоми аҳли ҷомеа аст.

2

Яке аз аҳли назарияи фарҳанги сухани русӣ Г. О. Винокур таъкид намудааст, ки фарҳанги сухан ду дараҷа дорад: дараҷаи якум — дуруст сухан кардан ва на-

1 Иқтибос аз: О писательском труде, сб. статей и выступлений советских писателей. — М.: 1953, с. 309.

пешина
аз 393
навбатӣ