Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

виштан, дараҷаи дувум — сухани устодона ва санъатгарона. Г. О. Винокур дараҷаи якуми фарҳанги суханро фарҳанги ҳақиқӣ намедонист. Баъзе аз имрӯза аҳли назария низ онро фақат оғози кор ва вазифаи мактаб ба шумор меоранд. Онҳо чунин сухани моҳиронаву устодонаеро, ки на танҳо мувофиқи меъёри забон аст, балки ба меъёр таъсир мекузорад ва худ меъёрҳое ба миён меорад, фарҳанги сухан ҳисоб мекунанд.

Мо ҳоло аз аксари навиштаҳои имрӯзаи тоҷикӣ пояи дувуми фарҳанги суханро талаб карда наметавонем. Мо ҳоло фақат дуруст гап задан ва дуруст навиштанро талаб дорему бас. Ҳар гоҳ ки ин мақсад ба даст ояд, барои фарҳанги ҳақиқии сухан замина тайёр мешавад.

Он чӣ фарҳанги сухан меномем, савияи баланди сухандониву сухансанчист, ки хушбаёнӣ, зебосуханӣ, суханбозӣ ва унсурҳои услуби шахсиро фаро мегирад. Фарҳанги сухан аз фарҳанги умумии шахс сар мезанад. Фарҳанги умумии шахс баланд бошад, фарҳанги сухани ҳам ба пояи баланд мерасад. Инкишофи баланди маънавии шахс имкон медиҳад, ки ба забони модарӣ меҳр дошта бошад, онро бо бисёр нозукиҳояш аз худ кунад, барои тозагӣ ва ғаномандию барои пешрафти он кӯшиш намояд.

Албатта, дар ин сурат ҳам дар забони ҳар шахс саҳву хато гузаштанаш мумкин аст. Ҳатто аз забони баъзе нависандагони бузург, чунончи аз Саъдӣ ва Гогол нодурустӣ ва хатоҳо ёфтаанд. Нависандаи машҳур Юрий Олеша ба як ҷумлаи Л. Толстой, ки дар «Крейцеровая соната» омадааст, эрод гирифта буд. Барои ин ки масъала равшан шавад, ин ҷумлаи Л. Толстойро ба русӣ айнан меорем: «Только тогда, когда я увидел ее мертвое лицо, я понял все, что я сделал. Я понял, что я убил ее, что от меня сделалось то, что она была живая, движущаяся, теплая, а теперь стала неподвижная, восковая, холодная и что поправить этого никогда, нигде, ничем нельзя». Ю. Олеша гуфтааст, ки «от меня сделалось то, что она была живая...», ҳатто сухани бесаводона аст. «Вале ин порча чӣ таассуроти даҳшатангезе боқӣ мекузорад!» — гуфтааст Ю. Олеша1. Оре, қувваи азими сухани устодон рӯйи чунин айбҳо ва саҳви қалами онҳоро мепӯшод.

1 Олеша, Ю. Видеть мир как бы впервые. «Литературная газета», 24 января соли 1973, № 4, с. 6.

пешина
аз 393
навбатӣ