Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Саҳви қалам дар баъзе навиштаҳои классикони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳам ҳаст. Гоҳ ба сухани устод Айнӣ ҳам ягон-ягон эрод гирифтан мумкин аст. Эҳтимоли рӯй додани саҳву хато дар кори таъҷилии матбуоти ҷорӣ ва телевизиюну радио боз бештар аст.

Лекин мо дар ин китоб чунин нодурустӣ ва хатоҳои ҷудогонаи тасодуфиро дар назар надоштем. Мо аз равияҳои умумӣ сухан рондан хостем. Мо хостем, ки он масъалаҳои мушаххаси фарҳанги суханро, ки ба назари мо масъалаҳои калон ва ҷиддӣ менамоянд, ба миён гузорем ва ба муҳокимаи аҳли кор ҳавола кунем.

Ба ақидаи мо, масъалаи фарҳанги сухан дар марҳилаи ҳозира бо як-ду ҷанбаи ҷузъӣ маҳдуд нест, балки баъзе тамоюлоти асосии инкишофи забони адабиро фаро гирифтааст. Вазифаи асосии фарҳанги сухан ба сифати як шохаи илм на фақат ошкор кардани баъзе саҳву хатоҳои ҷудогона ва нишон додани роҳи ислоҳи онҳо, балки ҳамеша зери назар доштани баъзе тамоюлоти инкишофи забони адабӣ ва таъсир расонидан ба онҳост. Чӣ тамоюлоти мусбат ва чӣ тамоюлоти манфӣ ҳамеша бояд дар мадди назари аҳли илми фарҳанги сухан бошад. Фарҳанги сухан бояд фаъолтарин қисми забоншиносӣ бошад, ки барои инкишофи тамоюлоти мусбат ва пешгирии тамоюлоти манфӣ вазифаи худро сари вақт иҷро карда тавонад. Аз ин ҷиҳат вазифаи илми фарҳанги сухан монандӣ вазифаи танқиди адабию бадеист, ки жанри фаврӣ буда, ба равандҳои ҷорӣ фаъолона даҳолат мекунад.

Фарҳанги сухан қисми амалии илми забоншиносӣ аст, илмест, ки на фақат ба мутахассисони забон, балки бештар аз ин ба кормандони амалӣ, ба ходимони матбуот ва телевизиюну радио, ба ихтисосмандони соҳаҳои гуногуни илму техника, аз ҷумла ба истилоҳсозон, ба ҳамаи қаламкашҳо нигаронида шудааст. Аз ин рӯ асаре, ки ба фарҳанги сухан оид аст, бояд дар ниҳоити содагӣ ва оммафаҳмӣ навишта шуда бошад, то ки ба оммаи хонандагон, ба мутахассисоне, ки аз илми суханшиносӣ (филология) дур ҳастанд, низ мафҳум ояд. Албатта, забону адабиёт аз он соҳаҳои фарҳанг аст, ки ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба дарки он то андозае тайёранд. Бо вуҷуди ин дар забон ва тарзи баёни онҳое, ки дар соҳаи фарҳанги сухан кор мекунанд, бояд ҳамин чиз ба назар гирифта шавад, ки хонандагони онҳо фақат мутахассисони

пешина
аз 393
навбатӣ