Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

забоншинос нестанд, балки оммаи гуногунсавияест. Ин тарафи масъала дар навиштаҳои баъзе забоншиносони мо ба назар гирифта намешавад. Ин ҳолат дар миёни мутахассисони фарҳанги сухан ва кормандони амалӣ монеае мегузорад.

Дар шароите ки мактабу маориф, матбуоту нашриёт, радиову телевизион, соҳаҳои гуногуни илми фарҳанг хусусияти умумӣ пайдо карда, тамоми ҷамъиятро фаро гирифта истодааст ва ҳар яке аз ин соҳаҳо ба инкишофи забони адабӣ таъсире мегузорад, ба назари мо, яке аз вазифаҳои асосӣ аз суханронии беогоҳӣ ва қаламзании таваккалӣ дур кардани мардум аст. Огоҳии пурра аз маънову мавриди истеъмоли ҳар калима, аз аҳволи ҳар ҷузъи ҷумла як шарти фарҳанги сухан мебошад ва савияи баланди онро таъмин мекунад. Фақат таҳлили ҳамаҷонибаю доимии гуфтугӯи муқаррарӣ ва навиштаҳо, таҳлиле, ки бо назари таърихӣ бунёди халқии забони адабӣ ва меъёри классикии онро ошкор карда, ба тамоюлоти нави инкишофи забон баҳои дуруст медиҳад, моро ба савияи баланди фарҳанги сухан бардошта метавонад. Фақат бо таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи илмии оммабоб нисбат ба забон ва нозукиҳои он завқу ҳавас бедор кардан мумкин аст ва ин, ба ақидаи мо, вазифаи асосии илми фарҳанги сухан аст.

Забондонӣ ва сухансанҷӣ кори осон нест, диққати махсус ва кӯшиши якумрӣ металабад. Бедили бузург — ин устоди сухани дақиқи рангомез гуфта буд:

Эй ки аз фаҳми ҳақоиқ дам занӣ, хомӯш бош!
Умрҳо бояд, ки дарёбӣ забони хешро!

Оре, мо бояд аз забондонии худ бисёр лоф назанем ва ҳамеша аз пайи фаҳми ҳақоиқи бениҳоят бошем. Барои дарёфти забони хеш на як умр, балки умрҳо лозим аст, яъне андӯхтаҳои чандин наслро аз худ кардан лозим меояд. Ин ҳам монандӣ худшиносии шахс ва ҷомеа, монандӣ шинохти худ аст, ки ба худҷӯйиҳои маънавии дирӯзиён ва имрӯзиён, ба бозёфтҳои маънавии замонҳо ва халқҳои гуногун такя мекунад. Чунонки худшиносии иҷтимоиюву таърихӣ, маънавию ахлоқӣ ва шаҳрвандӣ ба ҳар шахс зарур аст, дарёфти забони худ низ аз ҷумлаи воҷибот мебошад.

Илми фарҳанги сухан бо чашмандози пурвусъати амиқрав дар ин роҳи душвор ба ҳар шахс бояд дасти

пешина
аз 393
навбатӣ