Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ёрӣ дароз кунад. Кормандони амалӣ аз кадом соҳа, ки бошанд, — хоҳ аҳли матбуоту нашриёт бошанд, хоҳ таърихшинос, химику физик ё мутахассиси кишоварзӣ, бояд ба қабул кардани ин ёрӣ ихтисосмандони соҳаи фарҳанги сухан, ба фаҳмидани мақсади онҳо тайёр бошанд. Ҳар кас, ки қалам ба даст гирифт, хусусан ба сохтани истилоҳоти як соҳа миён баст, бояд аз забон ва қонуну қоидаҳои он огоҳ бошад. Қалам, ки ба даст гирифтем, фақат донистани ихтисоси худ кам аст, меъёри сухан, расму тариқи қаламрониро низ донистан зарур аст. Фақат он гоҳ аз илми фарҳанги сухан натиҷаҳои амалӣ метавон умед кард.
Ҳоло асосҳои назарӣ ва масъалаҳои равишшиносии (методологии) фарҳанги сухан дар забоншиносӣ ҳамаҷониба баррасӣ шудааст. Дар ин соҳа ба забони русӣ асарҳое ба вуҷуд омадаанд, ки аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ доранд. Бисёре аз масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан дар нашрияи «Вопросы культуры речи» (ки 8 адад чоп шуда буд) муҳокима шуд ва ҳоло дар саҳифаҳои маҷаллаи махсуси «Русская речь» мунтазам баррасӣ мешавад. Чанд сол «Литературная газета» масъалаҳои умумии назарӣ ва мушаххасу амалии фарҳанги суханро бо иштироки олимон, нависандагон ва хонандагон хеле доманадор ба муҳокима гирифт. Дигар рӯзномаву маҷаллаҳо низ ҳар сари чанд гоҳ бо сухани баэътибори худ ба ин муҳокимаҳои ҳамаҷониба ҳамроҳ шуданд.
Боре «Правда» бо сарлавҳаи «Забони ман — душмани ман» фелетоне ба табъ расонид (26 августи соли 1984), ки шавқу ҳаваси оммаи хонандагонро ҷиддан ба ҷунбиш овард. Баъд идораи ин рӯзнома баррасии номаҳои хонандагонро чоп карда, аз ҷумла чунин ақидаи хонандаеро дастгирӣ намуд, ки ба ҳоли худ мондани рафти калимасозӣ ва идора накардани он ба забон зарар меорад, зеро дар ин сурат «мардуми рус аз эҷоди забон, аз калимасозиву иборабандии мутобиқи қонунҳои забони русӣ бегона мешаванд»1.
Ин масъала хусусан барои забони тоҷикӣ аҳамияти калон пайдо кардааст. Дар чанд боби ин китоб дидем,
1 Ниг.: Дерягин В. Язык мой.. «Правда, 18 ноябри соли 1984.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор