Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра мебошад. Чунин китобҳо ба мо ҳам лозиманд. Муҳимтарини онҳо дастури муқоисавӣ хоҳад буд. Дар ин дастур бояд шаклу воситаҳои асосии забони русӣ ё англисӣ ва ғ. аз назар гузаронида ва муодили тоҷикии онҳо муайян гардад. Мо аз ин дастур бояд донем, ки ҳар яке аз шаклу воситаҳои асосии забонҳои калони ҷаҳон ба тоҷикӣ чӣ тавр бояд ифода шавад, ба тоҷикӣ муодили онҳо кадом шаклу воситаҳост. Чунин дастури илмӣ раҳнамои кормандони амалӣ хоҳад буд, чун китоби дарсӣ хизмат хоҳад кард.
Соли 1968 китобе бо номи «Фарҳанги мухтасари душвориҳои забони русӣ» («Краткий словарь трудностей русского языка») чоп шуда буд, ки ҳаҷмаш аз 14 ҷузъи чопӣ зиёдтар ва адади нашр 100.000 аст. Ин асари калон ба ёрии кормандони матбуоти рус тартиб ёфтааст. Солҳои охир чанд китоби дигар ҳам ба тариқи дастур ва маълумотнома аз чоп баромад. Модомки оид ба забони русӣ барои худи кормандони матбуоти рус чунин луғатҳо, дастуру маълумотномаҳо даркор будааст, пас чунин китобҳо барои кормандони матбуоти тоҷикӣ боз бештар заруранд. Тайёрии дастури муқоисавиро аз тартиб додани чунин луғату дастурномаҳои махсус сар кардан беҳтар аст.
Медонам, ки муқоисаи илмии дастури забон басе душвор аст. Шояд мо ҳоло ба ин кор тайёр набушем.
Вале вақти он расидааст, ки лоақал омодагӣ сар кунем. Иҷрои ин вазифаро дигар ба оянда мавқуф гузоштан мумкин нест.
Азбаски асосҳои илмии тарҷума ва материалҳои ахбороти умумӣ, матнҳои илмӣ ва илмии оммабоб, адабиёти техникӣ ва ғайра ҳанӯз муайян нашудааст, дар амалиёти тарҷумонҳо, дар саҳифаҳои матбуоти ҷорӣ ҳарҷу марҷе мушоҳида мешавад.
Вайронии забон бештар аз ҳама дар асарҳои тарҷума ба мушоҳида меояд. Бисёр рафиқоне, ки бо тарҷумаи материалҳои матбуот, адабиёти илмию техникӣ, китобҳои кишоварзӣ, техника, тиб, китобҳои дарсӣ ва ғайра машғуланд, аз назарияи тарҷума, инчунин аз забони тоҷикӣ маълумот ва тайёрии махсус надоранд. Онҳо тарҷумаро кори саҳл мепиндоранд ва бо саҳлгирӣ боиси интишори хатоҳои забонӣ мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор