Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Бино бар ин, чунончи, дар ин ҷумла дуруст истифода шудааст: Намуди ҳавлӣ шаҳодат медод, ки...

Пас ба маънои тамоман дигаре, ба маънои навъ ва хел кор фармудани намуд имрӯз аз куҷо пайдо шуд? Ин ҷо боз гуноҳ ба гардани тарҷумонҳои бедиққат, ба гардани тилмочҳо ва тақлидкорони онҳост. Айб аз он ҷо сар задааст, ки тарҷумонҳо намуд-ро муродифи калимаи русии вид қарор додаанд. Аммо аз он бехабар мондаанд, ки дар забони русӣ ду вид ҳаст ва маънои ин ҳарду аз якдигар хеле фарқ мекунад. Аз ҷумла дар луғати С. И. Ожегов чунин омадааст:

Вид I — 1. внешность, видимый облик (яъне намуд); 2. местность, видимая взором, а также изображение сия:... альбом с видами Кавказа (яъне намуд ва манзара)...

Вид II — 1. Подразделение в систематике, входящее в состав высшего раздела-рода (яъне навъу хел): вид растений (яъне як навъи рустаниҳо). 2. разновидность, тип (яъне навъу хел ва қисме): виды обучения (навъҳои таълим).

Аз ин шарҳ тамоман равшан аст, ки ин ду вид як калима нест, балки ду калима аст. Ин ду калима муташобеҳ (омоним) мебошанд. Намуд фақат ба яке аз онҳо, танҳо ба маънои омоними якум мувофиқ меояду бас. Аммо тарҷумонҳо ва тақлидкорони онҳо ба ин қазия диққат накардаанд. Онҳо намуд-ро ба ҷойи ҳар ду вид истифода мекунанд, ки тамоман нодуруст аст ва натиҷаи ба назар нагирифтани нозукиҳои забони русӣ ва тоҷикӣ мебошад.

Хулосаи мо ин аст, ки дар мавриди вид—I ба тоҷикӣ бояд намуд, манзара ва монандӣ инҳо, аммо дар мавриди вид—II навъу хел ва муродифҳои он истифода шавад.

Ба ин ваҷҳ ҷумлаҳое, ки дар аввали ин баҳс зикр кардем, бояд ба ин тарз ислоҳ шаванд:

«Ин навъи ташбеҳ дар ғазалҳои шоир ниҳоят кам аст».

«Навъҳои алоҳидаи парандаҳо аз байн рафта истодаанд».

«Нақшаи тайёр кардани баъзе навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ иҷро нашуд».

Дар мавридҳои зерин ҳам на намуд, балки навъ, хел ё чизе монандӣ инҳо гуфтан лозим меояд:

Ақиқ—як намуди халседон (ва ҳол он ки устод

пешина
аз 393
навбатӣ