Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
монандӣ неку бад, росту дурӯғ ва ғайра ибораи тазодаст; ҳусн—зебоӣ ва некӯӣ, қубҳ—зиштӣ, бадӣ, яъне мутазод (антоним)-и ҳусн аст. Аз ин рӯ, аз ҷумлаи боло масъное бармеояд, ки гӯё ғазали реалистии Саъдӣ ҳам зебоии некӯӣ ва ҳам зиштиву бадӣ дошт. Ва ҳол он ки муаллиф ҳаргиз чунин гуфтан намехоҳад. Гуноҳи вай ин аст, ки ибораи тазодиро ибораи муродифӣ гумон кардааст. Дар бисёр навиштаҳои дигар ҳам ҳусну қубҳро ба ҳамин пиндошт ба қалам медиҳанд ва аз қабоҳат бехабар мемонанд.
Аз ҳаман чунин мисолҳо, ки дар дасти камина бисёр аст, боз як бор бовар ҳосил мекунем, ки ҳоло қадри сухан паст шудааст ва муаллифоне, ки қадри онро надониста ба харҷ медиҳанд, кам нестанд. Шояд ин ҳам як нишонаи замони афзоиши суръату шиддат бошад.
Лекин дар асре, ки инкишофи димоғӣ ва фаъолияти фикрии инсон торафт афзуну амиқ мегардад, бояд баръакс қадри сухан баландтар шавад. Маҳз сухан аст, ки камол парвози фикру ҳисси инсон ва натиҷаҳои онро сабт мекунад ва барои афзоиши вай мусоидат менамояд. Ҳоло сухан бештар аз пештар як омили муҳими пешрафти иҷтимоӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву маънавӣ, як омили пурқуввати худшиносии ҷамъият ва шахс аст. Иқтидори он ҳам бояд мувофиқи ин шароит зиёдтар гардад, на кам.
«ШАХС» ВА «ОДАМ»ҲОИ НОЛОЗИМ
Дар гуфтугӯ ва забони адабӣ гоҳ калимаҳои шахс, одам, кас ва монандӣ инҳо дар сурате ки ба онҳо чандон эҳтиёҷ нест, ба кор мераванд. Аз ҷумла дар ин байтҳо:
Гуфт: Ин шахси нотабон зи куҷост?
Ничунин нотавону хаста чарост?
Низомӣ
Қай осуда аст одами шӯрбахт,
Ва гар худ бихобад ба заррина тахт?
Лоҳутӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё