Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин байтҳо шахс ва одам зикр намешуд ҳам, матлаб ифода меёфт, зеро сифатҳое, ки аз паси ин исм омадаанд, — нотавон ва шӯрбахт қобилияти исм шудан доранд (чунончи, нотавонон ва шӯрбахтҳо гуфтан мумкин аст) ва метавонанд, ки бидуни исми шахс ва одам зикр гардида, маънои исми афтодаро низ худ ифода кунанд. Дар ҷумлаи поин низ ҳамин ҳолатро мебинем: «Ибни Салом шахси соҳибмансаб ва сарватманд аст».

Ин ҷо ҳам сифатҳои соҳибмансаб ва сарватманд ҷойи исмро гирифта метавонанд. Аз ин рӯ, зикр шудан ё нашудани исми шахс аҳамият надорад: зикр намешуд ҳам, матлаб ифода мегардид, вале зикр шуданаш ҳам айб нест.

Ба ҳамин сабаб дар бисёр мавридҳо шахс, одам, кас пеш аз сифати исмшаванда зикр намешавад ва ҷумла халале намебинад. Чунончи дар ин ҷумлаи Ҷалол Икромӣ:

«Ҳеҷ кас духтари бокираи чордаҳсолашро ба ту барин бекасу бехонадону калтаю ғалча бароварда намедиҳад».

Чунончи мебинем, бекас, бехонадон, калта ва ғалча сифат аст, аммо пеш аз ин сифатҳо исме нест, исми шахс ё одам ва ё кас фурӯгузор шудааст. Яке аз ин исмҳоро пеш аз сифатҳо зикр кардан ҳам мумкин буд, вале нависанда аз он худдорӣ намудааст. Ба назари мо, аз ин худдории ӯ ҷумла зарар надидааст, балки бурд кардааст, зеро фурӯгузошти он чӣ бидуни зикри он ҳам маъно халал намеёбад, беҳтар аст.

Аз ҷумлаи мазқури Ҷ. Икромӣ калимаи духтарро низ партофтан мумкин буд, зеро сифати бокира ҳам ҷойи ин исмро гирифта метавонад. Вале эҳтимол ба андешаи ин, ки агар духтар зикр нашавад, маънои бокира ба хонандаи имрӯз шояд номафҳум ояд, нависанда зикри исмро зарур донистааст. Ба ин ваҷҳ дар ин маврид аз исм даст накашидани нависанда нишонаи сухансанҷист.

Дар ин ҷумлаи нависанда Лутфӣ Саид ҳам исм пеш аз сифат фурӯгузор гардидааст: «Дуо даркор бошад, аз ягон баномус гир!» Ин сухан дар муколама (диалог) омадааст ва сухани софи халқист. Дар гуфтугӯ пеш аз сифатҳои исмшаванда афтодани шахс, кас, одам бисёр дида мешавад ва нависанда дар муколама ҳамин хусусияти забони халқро нигоҳ доштааст.

пешина
аз 393
навбатӣ