Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Эҳтиёҷ нест, ки аз пеши ин ибораҳо боз як одам илова кунем.

Дар навиштаҳои имрӯза дигар мавридҳои нобаҷо истифода шудани шахс, одам ва ғайра низ дида мешавад.

Чунончи, дар ҷумлаи поин одамон мантиқро бар бод додаанд:

«Вай меҳмони азизи ҳар дару кулбаи одамон аст».

Ин ҷо аз таъкидан оварда шудани одамон маънии номатлубе ҳосил шудааст, ки гӯё дару кулба на фақат ба одамон, балки ба дигар чизҳо, масалан, ба ҳайвонот ҳам метавонад нисбат дошта бошад.

Барои ин ки чунин маънои ғайричашмдошти қабоҳатмоло сар назанад, лозим буд, ки одамон фурӯгузор шавад: «Вай меҳмони азизи ҳар дару кулба аст (беҳтараш: дар дару кулбаест)».

Аз ин мисол маълум мегардад, ки истифодаи одам, шахс, кас ва монандӣ инҳо на танҳо дар ибораи изофӣ (бо сифати исмшаванда), балки дар дигар мавридҳо ҳам эҳтиёти махсусеро талаб дорад.

Акнун ин ҷумларо, ки ба қалами як нависандаи машҳур тааллуқ дорад, аз назар гузаронем:

«Шеъри нав гуфтан... дар ифода кардани ҳис ва орзуҳои одамони муосир мебошад».

Якум ин ки ин ҷумла вайрон аст: барои ин ки шакли дуруст гирад, лоақал пешоянди дар бояд партофта мешуд. Дувум ин ки ибораи одамони муосир ба ҷумла ба куллӣ як маънои номатлуб додааст. Маънои ин ҷумла ҳамин аст, ки дар шеър ҳиссу орзуҳои мардуми муосир, яъне одамонеро, ки ҳамаср ҳастанд, ифода кардан лозим аст. Яъне, масалан, Ҷомиву Навоӣ, ки ҳам- аср буданд, ҳиссу орзуҳои онҳоро дар шеър ифода кардан мумкин аст, аммо, масалан, ҳиссу орзуҳои Фирдавию Айниро ифода кардан лозим нест, чунки муосири ин дигар нестанд.

Албатта, дар назди шеър чунин талаб гузоштан мумкин нест ва муаллиф низ чунин талаб гузоштан намехоҳад. Матлаби муаллиф тамоман дигар аст. Вай мехоҳад бигӯяд, ки шеъри нав ифодаи ҳиссу орзуҳои муосирони мо мебошад. Аммо ба ҷойи муосирони мо одамони муосир гуфтааст, яъне суханро на ба он тарз ки лозим буд, адо кардааст. Дар натиҷа маъно хароб шудааст.

Мо гуманист ҳастем ва шахсияти инсонро ҳурмат

пешина
аз 393
навбатӣ