Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
мушоҳида мешавад, ки боре дар ним саҳифаи як рӯзнома, ки материали ТоҷикТА чоп шуда буд, ин калима 13 бор дида шуд ва аз ин ҳама ягон бор ҳам даркорӣ набуд.
К. Чуковский таъкид карда буд, ки дар забони русӣ гоҳ калимаи дело — кор тамоман безарурат истифода мешавад. Вай чунин ибораро мисол оварда буд: «В деле изучения поэзии Блока...»1
Бешубҳа, дар матбуоти тоҷикӣ ҳам бидуни зарурате истифода шудани кор ба тақлиди ҳамин гуна ибораҳу ҷумлаҳо рӯй медиҳад. Аз чунин тақлиди маҳз даст кашидан беҳтар аст.
Боз ду калимаи дигар ҳаст, ки мисли кор аксаран безарурате оварда мешавад. Яке аз инҳо воқиа ва дигаре ҳодиса аст.
Чунончи, Воқиаҳои задухӯрди мусаллаҳона бисёр дида мешавад. Ҳодисаҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дигар дида намешавад.
Ба фикри мо, дар ин навъ ҷумлаҳо калимаҳои воқиа ва ҳодиса тамоман зиёдатист. Агар аз он ҷумлаҳо ин калимаҳоро партоем, ба маъно халале намемерасад, балки дарбаҳс мазмун беҳтар фаҳмида мешавад.
Пас, дурусттар ин аст, ки аз баҳри ин гуна «кор»-ҳо, «воқиа»-ҳо, «ҳодиса»-ҳо бароем.
Дар бобҳо мавридҳои дигар ҳам бе зарурати маҳдуде истифода шудани калимаҳоро мебинем. Аз ҷумла, ба назари мо, дар ин мисол калимаи чиз чандон зарур нест.
«Вай чиз некро аз бад ҷудо карда метавонад».
Ин ҷо ҳам худи нек ва бад сифати исмшаванда аст ва пеш аз худ ба исме монанди чиз эҳтиёҷ надорад. Чунонки дар чунин мавридҳо одам, шахс ва ғайра чун муаваншабанда зиёдатист, ба чиз ҳам эҳтиёҷе нест. Аз ин рӯ, кифоя аст бигӯем, ки вай некро аз бад ҷудо карда метавонад. Дар ин сурат худи нек ва бад ба маънои чизи неку бад, кори неку бад, хислати неку бад меояд.
Ба ин ваҷҳ дар ҷумлаҳои поин калимаи хислат зиёдатист:
«Шоир хислати ғарибнавозии қаҳрамонро нишон додааст».
1 Чуковский К. За живое, образное слово.— М., Знание, 1907, с. 33—34.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё