Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Дар ҷанг аз пои худ ҷудо шуд». Ҳангоме ки ин ҷумлаҳоро мехонем, беихтиёр боз ҳамон савол пеш меояд; магар қадамҳои каси дигареро ҳам гузоштан мумкин аст? Ё магар дар ҷанг аз пои каси дигаре ҷудо шудан мумкин буд?

Инак, ҷумлаи дигар: «Ӯ ба хонаи даруни худ даромада, дар ҷойи хоби худ дароз кашид».

Дар нимаи якуми ин ҷумла («хонаи даруни худ») «худ» тамоман ноҷоиз аст, зеро ҳусни суханро сахт хароб кардааст, аммо дар қисми дувуми ҷумла («ҷойи хоби худ») баҷо омадааст, чунки аз они кӣ будани ҷойи хобро равшан мекунад.

Одатан гоҳ «худ» чандон зарур небошад ҳам, барои таъкид меояд. Чунончи дар ин байти Ҳилолӣ:

Аз диданат бехуд шудам, бишин ба болинам даме!
То ҷаними худ бибионуму бори дигар бинам туро.

Ин ҷо ҳам маъниро бе истифодаи «худ» адо кардан мумкин буд, вале шоир барои таъкид зикри онро раво донистааст. Ин аз ҷумлаи ҷоиз аст.

Чунин ҷумлаҳо дар навиштаҳои имрӯза ҳам бисёр дида мешаванд: «Вай қариб си соли умри худро дар мусофират сарф кард», «Турсунзода дар бораи мулоқоти хориҷии худ чунин навиштааст». Дар ин ҷумлаҳо «худ» ба вазифаи таъкид омадааст, ҷоиз ва лозим аст, ба он эрод гирифтан мумкин нест.

Дар ҷумлаи зерин ҳам «худ» барои таъкид омадааст: «Ӯ шоири маҳбуби халқи худ гардид». Вале ин таъкиди зарурӣ нест, аз он худдорӣ кардан ҳам мумкин буд. Бо вуҷуди ин, онро нуқсони калон шуморидан лозим нест.

Ризоқ Ғаффоров дар тақризи нашри якуми ин китоби мо таъкид карда буд, ки «ҷонишини худ дар забони адабии имрӯза дар ифодаи ду маъно ба кор бурда мешавад: аз як тараф, соҳиби амалро фаҳмонад, аз тарафи дигар, мансубиятро далолат мекунад». Муҳаққиқ ин фикрро чунин вусъат додааст: «Ҷонишини худ дар вазифаи дуюм — ифодаи таъкиди мансубият бо ҳама гуна исм, аз он ҷумла бо исмҳое, ки узвҳои исми ҷондорро мефаҳмонанд, фаровон ба кор бурда мешавад. Чунончи: дасти худ, пои худ, орзуи худ, дили худ ва амсоли инҳо». Р. Ғаффоров ба ин асос изҳори ақида намудааст, ки ҷонишини «худ» дар ҷумлаи «Дар ҷанг аз пои худ ҷудо шуд» чандон бемаврид нест, вай:

пешина
аз 393
навбатӣ