Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ёфтааст, ки дар бораи он ҳам як-ду сухан гуфтан лозим меояд.
Тарҷумонҳои мо ибораи русии «имеет своего чегото»-ро одатан «...-и худро дорад» тарҷума мекунанд.
Масалан, ҷумлаи русии «Каждое село имеет свою историю» ин тавр тарҷума шудааст: «Ҳар деҳа таърихи худро дорад». Ба фикри мо, ин маъниро ба тоҷикӣ дигар хел адо кардан лозим аст. Чунончи, ин тавр гуфтан мумкин буд: «Ҳар деҳа таърихе дорад». Яъне ин ҷо ҳам «худ» зиёдатист.
Ҳамин ҳолатро дар ҷумлаи зерин ҳам мебинем:
«Иттиҳодияи мо дар районҳои гуногун филиалҳои худро дорад». Ва ҳол он ки беҳтар ин буд, ки гуфта шавад: «Иттиҳодияи мо дар ноҳияҳои гуногун шӯъба дорад».
Дар баъзеи ин мавридҳо дар тоҷикӣ ҳам «худ»-ро зикр кардан лозим меояд, вале на ба он тартиб, ки дар ҷумлаи русӣ ҳаст, балки ба тартиби дигаре. Масалан, чунин ҷумла сохтаанд: «Ҳар мактаб директорҳои худро дорад». Ва ҳол он ки шакли тоҷикии ин ҷумла ин аст: «Ҳар мактаб худ директор дорад» ё «Худи ҳар мактаб директор дорад».
Дар ҷумлаҳое, ки аз қабили ҷумлаи зеринанд, низ «худ» зиёдатист: «Халқияти адабиёт боз барҷастатар ифодаи худро ёфтааст». Ба андак мулоҳиза дарёфтан мумкин аст, ки ин ҷо «худ» ба мантиқи ҷумла зид аст.
Хабари ин ҷумла «ифода ёфтааст» мебошад.
Бисёре аз он маъниҳое, ки ҳоло мо бо қолиби «худро дорад» адо мекунем, одатан ба тоҷикӣ ба шаклҳои хоси аҷиб ифода меёбанд. Дил мехоҳад, ки он шаклҳо аз даҳан намонанд ва низ гоҳ-гоҳ истифода шаванд.
Чунончи гуфтаанд: «Шумо плани худро доред?» Ба фаҳми мо, агар дар ин маврид мегуфтанд, ки «Шумо ягон план доред?» сухан табиитар садо медод.
Ё ки мегӯянд: «Ҳар сол саховати худро дорад». Ин тарзи баён имрӯз як намуна аз сухани муқаррарист, вале агар мегуфтанд, ки «Саховати ҳар сол дигар аст», сухан аз қолиби муқаррарӣ баромада, озод парвоз мекард.
Қамина асло ҳавохоҳи ин нестам, ки «худро дорад»
аз забони тоҷикӣ бояд берун ронда шавад. Ҳаргиз не.
Банда мегӯям, ки ин ҳам дар забон ҳуқуқ дорад, вале ҳуқуқи он бояд ба дараҷае нарасад, ки ҳамаи дигар муодилҳо худро аз ҳуқуқ маҳрум кунад, ҷойи ҳамаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё