Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Ӯро ҳамчун шахси ғарибнавоз ба қалам медиҳад»..
«Ман наметавонам ин образҳои бадеиро ҳамчун шахсони боақл ва бофаросат ба қалам диҳам».
Сарманшаъ ва сабаби дар чунин ҷумлаҳои имрӯзӣ пайдо шудани чун ва ҳамчун маълум нест. Вале ҳамин чиз маълум аст, ки ба қалам додан асрҳо боз бидуни чун ва ҳамчун меомад ва имрӯз ҳам дар ин соҳа ба «навпардозӣ» эҳтиёҷ нест. Агар чун ва ҳамчун дар ин гуна мавридҳо вазифаи махсусе медошт ва маънои ҷумларо дигар мекард, дар бораи зарурати он ҷойи шубҳа намемонд. Азбаски чунин нест, мо онро бори нолозиме медонем, ки аз китфи сухан партофтан беҳтар аст.
- Дар навиштаҳои имрӯза фаъол шудани ба қалам додан, албатта, айб нахоҳад буд. Зиёда аз ин, истифодаи чунин таъбирҳои маҷозии дорои бадеият ҳусни суханро афзоиш медиҳад. Ба ин муносибат ба ҳамин чиз диққат ҷалб кардани будем, ки ба қалам додан муродифҳои бисёре ҳам дорад. Чунончи ба қалам гирифтан, ба қалам овардан, ба қалам даровардан, ба қалам омадан, ба қалам рафтан, ба қалам боздодан, зери қалам овардан ва ғайра. Агар хато накунем, ин феълҳо дар маънӣ тобиши манфӣ надоранд. Инро аз мисолҳои поин фаҳмидан мумкин аст:
Дар қалам овард Ҳофиз қиссаи лаъли лабаш,
Оби ҳайвон меравад ҳар дам зи ақломам ҳанӯз.
Ҳофиз
Бардошт ба девони саховат қалами ҷуд,
То номи каримон ҳама зери қалам овард.
Муиззӣ
Бахшиёни изом, ки лашкариёни хоса ва сипоҳ ва умаро ва мансабдоронро ба шумори дароварданд, даҳ ҳазор кас ба қалам даромаданд («Таърихи Фаришта»).
Чунин ба мулоҳиза меояд, ки дар навиштаҳои имрӯза истифода шудани ин гуна таъбирҳои рехта ғаномандии забони адабии ҳозираро афзун хоҳад кард.
Баръакс, фақат ё бештар бо феъли ба қалам додан маҳдуд шудани қаламронҳои имрӯзӣ нишони он аст, ки сарватҳои бепоёни забонро нағз истифода намекунем ва аз онҳо бо андаке қаноат меварзем. Дар маънавият, дар забон он ҷо, ки имконият фаровон аст, бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё