Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
лотерея гузарондан; «Лотереяи пулию молӣ гузаронда шавад»; кишт гузарондан: «Чор маротиба такроран кишт гузаронда»; ҷамъоварӣ гузарондан: «Ҷамъоварии мошини пахтаро чӣ тавр гузарондан лозим аст?» ва ғайра ва ҳоказо.
Эҳтимол баъзе рафиқон пайдо шудани ин феълҳои навро пешрафти муҳим ва тараққии забони тоҷикӣ ҳисоб кунанд, вале дар назари мо ҳамаи инҳо аломати оҷизӣ ва аз имкониятҳои фаровони забони мо истифода карда натавонистан аст. Ҳар яке аз ҷумлаҳоеро, ки мо дар боло овардем, як ранги дигар сохта, ҷумлаҳои гуногуне, ки яке ба дигаре монанд набошад, тартиб додан мумкин буд.
Чунончи ҷумлаҳои болоро лоақал ба ин тарз таҳрир кардан мумкин аст: «Онҳо сиёсати бешармонатари ҳамлаву ҳуҷумро пеш гирифтанд»; «Онҳо ба роҳи сиёсати бетарафӣ даромаданд»; «Ӯ мақсадҳои мустамликадориро пеш меронад»; «Воситаҳои ҷангро нест кардан лозим аст»; «Мушак сар дода мешавад»; «Тамоми хароҷот аз ҳисоби он маблағҳое хоҳад буд, ки...»; «Корҳои бузурге анҷом ёфта истодааст»; «Корҳои зиёде карда шудааст»; «Парма кардан лозим аст»; «Нақшаи парвозҳои разведкавӣ тартиб дода шудааст»; «Лотерея бароварда шавад»; «Чор мартаба такроран кишт кард»; «Пахтаро бо мошин чӣ тавр чидан лозим аст» ё «Ҷамъоварии мошинии пахтаро чӣ тавр анҷом додан даркор аст» ва ғайра.
Албатта, ман ин таҳрири худро беҳтарин таҳрире ҳисоб намекунам ва фақат барои мисол овардаам. Фақат гуфтани ҳастам, ки дар ҳамаи он ҷумлаҳо феъли «гузарондан»-ро кор фармудан мумкин нест, ин феъл аз ҳамаи он мазмунҳо бегона аст. Касе, ки андаке аз забони тоҷикӣ хабар дорад, он феълҳои «хароҷот гузарондан», «ҷанг гузарондан», «парвоз гузарондан» ва ғайраро ҳаргиз қабул карда наметавонад. Онҳо гӯшхарошанд ва маъно надоранд.
Адади таркибҳое, ки бо «гузарондан» сохта шудаанд, бо он чанд мисоле, ки дар боло овардем, маҳдуд намешавад. Шумораи ин гуна таркибҳо хеле зиёд аст ва рӯз то рӯз афзуда истодааст. Агар гӯем, ки ҳоло дар матбуоти мо маъмултарини феълҳо ҳамин феъли «гузарондан» аст, муболиға намешавад. Ана бинед, ки боз чӣ феълҳое сохтаанд: тадбир гузарондан, амалиёт гузарондан, фаъолият гузарондан, гуфтушунид гузарондан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё