Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
лозим нест. Албатта, дар сурате, ки чунин маъниеро ифода кардан лозим аст, аз исмҳои дигар ҳам бо феъли «гузарондан» таркибҳои нав сохтан ҷоиз буданист. Лекин аксари таркибҳое, ки мо аз матбуоти имрӯз овардем, чунин маъниро доро нестанд. Бино бар ин дар он таркибҳо феъли «гузарондан» ҷоиз нест, зеро ҷойи феълҳои дигар — феълҳои «кардан», «намудан», «сохтан» ва мисли инҳоро гирифтааст.
Ибораҳоеро, ки дар боло аз матбуот зикр шуда буданд, аз назар гузаронем, мебинем, ки бештари онҳоро бо феъли «кардан», «намудан», «сохтан» ва як қисмашонро бо феълҳои дигаре тартиб додан лозим аст.
Масалан, шакли аслии тоҷикии онҳо гуфтушунид кардан, ташвиқот кардан, шабнишинӣ кардан ва ғайра мебошад. На танҳо баъзе ходимони матбуот, балки баъзе зиёиёни дигар ҳам ҳастанд, ки дар сухан ба ҷойи сӯҳбат кардем, ё тафтиш кардем ва мисли инҳо аксаран сӯҳбат гузарондем, тафтиш гузарондем мегӯянд.
Ва ҳол он ки дар ин маврид феъли «кардан»-ро бо феъли «гузарондан» иваз намудан зарурате надорад.
Агар ин ҷо феъли «кардан» ё «намудан» аз адои маънӣ оҷиз намеомад, ба ҷойи он феъли дигар ҷустан ҷоиз буд.
Ин дӯлобиҳое, ки дар истеъмоли феъли «гузарондан» рӯй додааст, низ асосан гуноҳи тарҷумонҳост.
Баъзе тарҷумонҳо ҳар ҷо, ки феъли проводить ё провестиро мебинанд, «гузарондан» тарҷума мекунанд. Ва ҳол он ки феъли провести дар луғати С. И. Ожегов 10 маъно дорад ва байни ин маъноҳо фарқи калоне ҳаст.
Аммо баъзе тарҷумонҳо ин фарқҳоро ба назар намегиранд. Онҳо «провести собрание»-ро «маҷлис гузаронидан» тарҷума кунанд, «провести линию»-ро ҳам (хоҳ «линия» ба маънои хат бошад, хоҳ ба маънои роҳу равиш ва ақида), бо «гузаронидан» тарҷума кардан мегиранд, ки дар натиҷа таркибҳои бемаъние аз қабили роҳ гузарондан ҳосил мешавад.
Медонем, ки дар забони тоҷикӣ феъли роҳ гузарондан мавҷуд аст, лекин маънои он роҳу равишро пеш
гирифтан ё фикру ақидаеро пеш бурдан нест, балки роҳ
сохтан, аз ҷое ба ҷое роҳ кушодан аст. Масалан, аз сари кӯҳ роҳ гузарондан—яъне бо азоби бисёр дар ағбае
роҳ сохтан аст. Модомки ин ибора дар забон маънои
муайяне дорад ва ин маъно ба мантиқи феъли «гузамувофиқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё