Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

намешавад. Пас, муаллифон бо чӣ мулоҳиза ин ҷо зикри феъли «кардан»-ро зарур донистаанд?

Ҳоло дар байни як қисми аҳли қалам ақидае пайдо шудааст, ки гӯё агар дар ин мавридҳо феъли «кардан»-ро наорем, феъли асосӣ ба феъли маҷҳул (пассив) табдил намеёбад. Ба ақидаи ин рафиқон, агар «план иҷро шуд» гӯем, гӯё ин ҷумла чунин маъно дорад, ки план худ ба худ иҷро шудааст, агар «душман мағлуб шуд» гӯем, гӯё душман худ ба худ мағлуб шудааст. Барои ин ки ин ҷумлаҳо худ ба худ иҷро шудани план ё худ ба худ мағлуб шудани душманро нафаҳмонанд, ба фикри он рафиқон, ин ҷо як феъли «карда» илова намудан даркор аст.

Ин ақида чандон дуруст нест. Он рафиқон мантиқи ҷумла ва мантиқи қонунҳои забонро ба назар намегиранд. Аз ҷумлаи «план иҷро шуд» худ аз худ маълум аст, ки планро касе иҷро кардааст ва бино бар ин он план иҷро шудааст. Маънои ҷумлаи «душман мағлуб шуд» низ ҳамин аст, ки ӯро мағлуб кардаанд. Ин мазмун аз мантиқи сухан маълум аст.

Дар забони тоҷикӣ бисёр вақтҳо феъли маҷҳул (пассив) вазифаи феъли маълум (актив)-ро иҷро мекунад. Ин аз хусусиятҳои муҳими забони тоҷикӣ ва баъзе забонҳои эронист.

Чунонки маълум аст, дар забони тоҷикӣ феъли маҷҳул бо ёрии феъли «шудан» сохта мешавад: хонд — хонда шуд, навишт — навишта шуд, гуфт — гуфта шуд... Лекин баъзе феълҳо аз ин қоида истисно шудаанд. Аз он ҷумла феъли «кардан» аз ин қоида мустасност. Шакли маълуму маҷҳули ин феъл мувофиқати дастурӣ (грамматикӣ) не, балки мувофиқати вожгонӣ (лексикӣ) дорад. Бино бар ин аз феъли «кард» шакли маҷҳул бештарин «карда шуд» не, балки худи «шуд» мебошад. Дар ин сурат илова намудани «карда» зарурате надорад.

Аз забони адабии имрӯза бисёр мисолҳое овардан мумкин аст, ки шакли маҷҳули феъли кардан бидуни худи карда ва фақат бо шудан ифода ёфтааст.

Чунончи ин ҷумлаи Айниро бинем: «Фардо пагоҳонӣ ҳукм иҷро хоҳад шуд». Ин ҷо «иҷро шудан» шакли маҷҳули феъли «иҷро кардан» аст, яъне худи «кардан» афтодааст. Агар ин ҷумларо аҳли матбуоти имрӯзаи мо тартиб медоданд, албатта, «карда» илова намуда, «иҷро карда хоҳад шуд» мегуфтанд.

Ҷумлаҳои зерини Айнӣ ҳам аз ҳамин қабиланд: «Ду

пешина
аз 393
навбатӣ