Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Бояд таъкид кунем, ки устод Айнӣ гоҳ аз ҳамин гуна ҷумлаҳо ҳам «карда»-ро партофтааст. Вай дар ҷумлаи боло «ҷойнамоз паҳн карда шуда буд» гуфта бошад, дар ҷойи дигар чунин ҷумла сохтааст: «Дар рӯйи болохона як намади чиркин паҳн шуда буд». Чунончи мебинем, ин ду ҷумла аз ҷиҳати маънӣ ва сохт аз якдигар ҳеҷ фарқ надоранд, вале дар ҷумлаи дувум «карда» нест. Пас ҳатто дар сурате ки гӯё истифодаи «карда» ҳатман зарур аст, аз баҳри он гузаштан мумкин будааст.
Инро бояд фаромӯш накунем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки «карда» суханро одӣ ва ҷумларо вазнин мекунад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар забони адабии классикӣ чунин ҷумласозиҳо бо «карда» қариб тамоман дида намешавад, фақат гоҳ-гоҳе банудрат ба назар мерасад. Онро, чунончи, дар ин ҷумлаи Исмоили Ҷурҷонӣ («Захираи хоразмшоҳӣ») мебинем.
«Он лафз ба тозӣ ёд карда омад». Ин ҷо «ёд карда омад» ҳамоно ба ҷойи «ёд карда шуд» истифода гардидааст. Дар ин мавриди ҳам муаллиф аз «карда шуд»
худдорӣ намуда, барои аз он гурехтан роҳе ҷустааст ва «карда омад»-ро сохтааст.
Дар яке аз номаҳои Ҷомӣ, ки дар «Маҷмӯаи муросалот» гирд омадаанд (номаи № 145), низ фикрияи «фармоед, ки (фармон) имзо карда шавад» ба назар расид. Аз гузаштагон чунин мисолҳоро ками дар кам ёфтан мумкин аст.
Аммо имрӯз қаламкашҳои мо ба «карда» чунон одат кардаанд, ки бе он гап зада ва қалам ронда наметавонанд. Аз ин рӯ, чун андешаҳои мо дар бораи нолозим будани аксари «карда»-ҳо чоп шуд, ҳама онро бо ҳайрат пешвоз гирифтанд. Хусусан тааҷҷуби забоншиносон ҳадду канор надошт. Зеро эроде, ки дар бораи истифодаи нолозими «карда» ҳаст, нисбат ба яке аз қоидаҳои асосии грамматикаи имрӯза шубҳа кардан аст.
Оре, мо итминон дорем, ки дар дастурҳои ҳозира қоидаҳои сунъии беасос, қоидаҳое, ки аз рӯйи принсипи «ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд» тартиб дода шудаанд, кам нестанд. Онҳо дар натиҷаи назари танқидиро тамоман фаромӯш кардани баъзе забоншиносон ба миён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё