Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
забон мегардад, балки як сабаби ривоҷ ёфтани шаклҳои номатлуб ва қолабҳои норавост.
Интишори калимасозии бо «-шавӣ» дар ҳақиқат аз ҳадду андоза гузаштааст. Чунин калимаҳо дар матбуот, телевизону радио, асарҳои илмӣ ва ғайра дар ҳар қадам дучор меоянд. Баъзеҳо то «-шавӣ»-ро истифода намунанд, фикр баён карда наметавонанд. Инак, як ҷумлаи обдор:
«Яке аз чораҳои камшавии ифлосшавии ҳаво ин сохтани роҳҳои иловагӣ мебошад, то ки ба аз ҳад замшавии автомобилҳо хотима дода шавад».
Ин ҷумла ҳаргиз қобили чоп нест, вале чоп кардаанд. Яке аз қабоҳатҳои он ҳамоно пайи ҳам омадани калимаҳои дорои «-шавӣ» мебошад.
Яке аз роҳҳои асосии халосӣ аз чунин қабоҳатҳо, ба ақидаи мо, худдорӣ аз калимаҳои «-шавӣ»-дор аст.
4
Калимаҳое, ки «-шавӣ» доранд, дар забони адабии классикӣ дида намешаванд. Агар бошанд ҳам, хеле ва хеле кам будагистанд. Ба ҳар ҳол ба чашми ман нарасидаанд. Албатта, аз баъзе ҷиҳатҳо аз забони адабии классикӣ як андоза дур рафтани забони адабии имрӯза рафти табиист. Ҳеҷ мумкин нест, ки забон бе тағйир монад, хусусан дар замони мо ба дигаргунии ҷиддӣ дучор наояд. Лекин ин дигаргунӣ ва дур рафтан аз забони классикӣ бояд ба зарари забони имрӯза сурат нагирад. Алалхусус дар ҳусни сухан аз меъёрҳои классикӣ дур шудан мумкин нест. Фақат меъёрҳои классикӣ метавонанд, ки пояи фарҳангии сухани имрӯзаро устувор доранд. Анъанаҳои нав, меъёрҳои тозае, ки мо имрӯз рӯи кор меорем, бояд хилофи талаботи ҷиддии классикӣ набошанд, балки онҳоро давом ва мувофиқи шароити замони мо инкишоф диҳанд.
Калимаҳое, ки бо «-шавӣ» сохта шудаанд, дар забони устод Айнӣ ҳам ҳастанд.
Луғатшиносони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни садумин зодсоли устод китобе ба номи «Луғатномаи осори С. Айнӣ» чоп карда буданд. Ин китоб рӯйхати калимаҳоеро, ки дар асарҳои устод ҳастанд, дар бар мегирад. Лекин тартибиҳандагони ин китоб на ҳамаи захираи луғавии навиштаҳои
101

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё