Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин барои зиёдшавии аҳолӣ аҳамият дорад.
Дар ҳамаи ин мисолҳо, ба назари мо, бори ибора ба дӯши калима гузошта шудааст, ба ҷойи ин ки ибора созанд, калима сохтаанд. Барои ин, ки ифодаи фикр шакли табиӣ гирад, «мондашавӣ»-ро «монда шудан», «саршавӣ»-ро «сар шудан», «муҳоҷиршавӣ»-ро «муҳоҷир шудан» (ё «муҳоҷират», ё «муҳоҷирӣ»), «ризошавӣ»-ро «розӣ шудан», ё розӣгӣ, ё ризо, «зиёдшавӣ»-ро «зиёд шудан» гуфтан даркор буд: «Касе монда шуданро ҳис намекард»; «То вақти сар шудани соли таҳсил чорае андешанд» ва ғайра.

Калимаҳои содаи гурӯҳи чорум, ки ба онҳо асоси феъли «шудан»-ро илова кардаанд, онҳоанд, ки аз онҳо бо дигар калимае калимаи мураккаб сохтан даркор буд. Чунончи:
Одам фиристода ҷойи ҷамъшавии онҳоро дид.
Онҳо омодашавиро сар карданд.
Фолклор манбаи муҳими маърифатнокшавӣ мебошад.

Дар ҷумлаи якум ҷамъшавӣ ба ҷойи ҷамъомад ба кор рафтааст. Модоме ки барои ифодаи матлаб калимаи рехтаи ҷамъомад мавҷуд аст, ба ҷойи он калимаи дигаре, ки аз ҷиҳати рехтагиву суфтагӣ ба он ҳеҷ баробар шуда наметавонад, сохтан низ меҳнати бефоида аст.

Дар ҷумлаи дувум «маърифатнокшавӣ»-ро ба маърифатомузӣ иваз кардан мумкин буд.

Дар ҷумлаи севум «омодашавӣ»-ро низ ба тарзи дигар ифода кардан мумкин буд. Чунончи, устод Айнӣ гуфтааст: «Ин омодагариҳо ба шакле даромадааст, ки...» Дар ин ҷумлаи устод омодагарӣ ҳамон маъниро мефаҳмонад, ки дар мисоли мо бо омодашавӣ ифода гардида буд.

Дар боби гузашта аз як ҷумлаи Восифӣ дида будем, ки пасванди «-гар» дар калимаи наҳӯдбирёнгарӣ ҷойи асоси феъли «кардан»-ро гирифтааст ва вазифаи онро иҷро кардааст. Аз ин ҷумлаи устод Айнӣ равшан аст, ки «-гар» дар калимасозӣ вазифаи асоси феъли «шудан»-ро ҳам иҷро карда метавонад. Пас ин имкониятро имрӯз ҳам гоҳ-гоҳ истифода кардан лозим аст.

Ба ин тариқ, гурӯҳи чоруми калимаҳои сода, ки ба онҳо асоси феъли «шудан»-ро илова кардаанд, низ гувоҳӣ медиҳад, ки ин тарзи калимасозӣ ҷойи дигар воситаҳоро гирифта истодааст.

Ин ҳолат на фақат боиси маҳдуд шудани имконоти

пешина
аз 393
навбатӣ