Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Мӯъҷизаи дигаре, ки ба намаккӯҳи Хоҷамӯъмин мансуб медонанд, ин нисбат ба дигар кӯҳу хомуни атроф аз гиёҳҳои гуногуни алафӣ, буттагӣ ва дарахтӣ ғанитар будани сатҳи намаккӯҳ мебошад. Воқеан дар сатҳи болоии намаккӯҳ бурс (арча), ноки ёбоӣ, дӯлона, фарк, бодом, писта, гулхор, қайрағоч, камол, испанд, тугдона, чинор, сархас ва ғайра гиёҳҳои хӯроки чорво (маргзорҳо) месабзанд. Хоки сатҳи намаккӯҳ аз вайрон шудани гаҷ ва лёсс ташаккул ёфтааст ва ғафсиаш ба 2-3 м, ғафсии қабати гаҷ аз 2 то ба 42 м мерасад. Гаҷ, ки аз он хок ташкил ёфтааст, ҷинси шӯр набуда ширин аст. Одатан барои нейтрал гардондани шӯрхокҳо ба онҳо оҳак ва гипс мепошанд. Пас, хоки сатҳи намаккӯҳ шӯр набуда, барои сабзиши наботот мусоид мебошад.
Сабаби дигари аз наботот ғанитар будани сатҳи болоии намаккӯҳи Хоҷамӯъмин ин ба намноктар будани маҳал вобаста мебошад. Набототшинос К.П. Попов (с.1986) сабаби намнок будани ин намаккӯҳро ба он алоқаманд медонад, ки маҳал дар наздикии маҷрои дарёи Сурхоб (Қизилсӯ), Чубак ва Яхшӯ (Яхсӯ) ҷойгир шудааст. Намак, ки хосияти гигроскопӣ дорад, оби аз дарёҳо бухор шударо ба худ мекашад. Ҳамзамон мавҷудияти қифу ҷоҳҳои карстӣ ба раванди ин ҳодиса ёрӣ мерасонанд. Одатан ҳавои дохили қифҳо ва ҷоҳҳои карстӣ нисбат ба ҳавои атмосферии атроф хунук мешаванд. Ҳангоми ба берун баромаданашон ҳавои гарму намноки атмосфериро хунуктар мегардонанд дар ин ҳангом ҳавои хунукшуда, нами изофаи худро ҷудо мекунад. Ин намиро намаку гаҷ ба худ меҷабанд, намнокиашон беш мегардад. Набототи дар сатҳи гаҷу лёсс сабзида онро тавассути реша ба худ фурӯ мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё