Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
ва нисбат ба дигар мавзеъҳо бо об хубтар таъмин мешаванд.
Саволе пайдо мешавад, ки чаро намаки дар зери гаҷу лёсс хобида аз қабати поён ба сатҳи болои хок баромада онро шӯр намегардонад? Одатан дар ҳамворзаминҳо, ки обҳои зеризаминӣ на чандон чуқур хобидаанд дар мавсими гарм оби зеризаминӣ тавассути мӯякнайчаҳо ба сатҳи замин баромада боиси шӯршавии хок мегардад.
Муҳаққиқон маълум намудаанд, ки боришоте, ки охирҳои тирамоҳу зимистон ва баҳор ба сатҳи хокҳои хокистарранги Осиёи Миёна меборанд, самти ҳаракати поёнраванда дошта, ба самти қаъри хок фурӯ бурда мешаванд. Дар охирҳои баҳору тобистон, ҳангоме ки ҳаво гарму хушк мешавад, ҳаракати болобарояндаи об, тавассути мӯякнайчаҳо (капиллярҳо) имконнопазир мегардад, чунки алоқаи мӯякнайчагии болоии аз гармо хушк шудаистода ва намноки поёнии хок осеб бинад, яъне мӯякнайчаҳо мешикананд (канда мешаванд), қобилияти оббардориашонро гум мекунанд. Ана барои ҳамин ҳам оби шӯр ба воситаи мӯякнайчаҳо ба боло баромада наметавонад, шӯрхок пайдо намешавад, рустаниҳо фаровон месабзанд.
Хотирнишон менамоем, ки зери таъсири фаъолияти инсонсириштии олами набототу ҳайвоноти нисбатан ғании гумбази намаки Хоҷамӯъмин ба тағйироти ҷиддӣ дучор гашт. Агар солҳои 40-50-уми асри гузашта чакалакзору бурсзорҳо дар сатҳи ин гумбаз фаровон, манбаи ризқу рӯзӣ, паногоҳ ва наслмонии ҳайвонот буданд, тӯли ним аср сахт коҳиш ёфтанд. Дар гузаштаи начандон дур дарахтони гумбази Хоҷамӯъминро ҳамчун ҷои муқаддас намебуриданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё